Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев таҳримоти нав зидди Эронро мумкин хонд


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев мегӯяд, агар Теҳрон дар амри боз кардани фаъолиятҳои ҳастаияш ба пеш ҳаракат накунад, таҳримоти нав алайҳи Эронро наметавон сарфи назар кард. Медведев дар мусоҳиба бо ҳафтавори олмонии “Spiegel” ҳамчунин таъйид кард, ки агар Теҳрон бо тарҳи пешниҳодкардаи СММ мувофиқат кунад, Русия барои кӯмак дар ғанисозии ураниуми Эрон омода ҳаст.
Тибқи тарҳи пешниҳодкардаи Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ, Эрон бояд бахши аъзами урануми ғанишудаашро ба хотири ғанисозии бештар ба кишвари дигар бифиристад.
XS
SM
MD
LG