Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон ному насаби низомии муҷримро эълон кард


Ному насаби низомие, ки дар пойгоҳи низомии Форт-Ҳуд, воқеъ дар аёлати Техаси Амрико тирпарронӣ кардааст, мушаххас шуд. Ба иттилоъи Пентагон, майор Малик Надал Ҳасан дар як тамрингоҳе, ки низомиён барои ширкат дар амалиётҳо дар Ироқ ва Афғонистон омодагӣ мегиранд, тирадозӣ кардааст ва бар асари он 12 нафар, аз ҷумла, худи ӯ кушта ва 31 нафар маҷрӯҳ шуданд. Гуфа мешавад, ки майор Ҳасан ҳам бояд ба Ироқ мерафт. Сабабҳои тирандозӣ то ҳол рушан нестанд. Ду тани дигари муҷрим дар ин ҳодиса боздошт шудаанд.
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико ин ҳодисаро “хуруҷи хушанати ваҳшатбор” номид ва ба пайвандони кушташудагон изҳори тасаллият кард.
XS
SM
MD
LG