Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Тоҷикистон қонуни афвро баррасӣ мекунад


Қарор аст имрӯз Маҷлиси намояндагон, палатаи поёни парлумони Тоҷикистон, лоиҳаи қонун «Дар бораи афв»-ро баҳсу баррасӣ кунад. Ин тарҳ ҳафтаи гузашта аз сӯи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон ироа шуда буд. Қонун афв ба шарафи 15- солагии Қонуни асосии кишвар ва бахшида ба соли гиромидошти Имоми Аъзам - асосгузори мазҳаби ҳанафӣ қабул мешавад. Интизор меравад, ки дар пайи қабули ин қонун тақрибан 10 ҳазор нафар аз зиндонҳо ва аз таҳти тафтишу таъқиби мақомоти кишвар озод шаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки айни ҳол дар зиндонҳои Тоҷикистон наздики 11 ҳазор нафар маҳбус нигаҳдорӣ мешавад. Тӯли 17 соли истиқлоли кишвар ин 12-умин санади афв аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, зери он имзо мегузорад.
XS
SM
MD
LG