Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистонро даври дуввуми интихобот интизор аст?


Қарор аст, ки имрӯз Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон дар мавриди баргузор шудан ё нашудани даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ миёни сарвари феълии кишвар Ҳомиди Карзай ва собиқ вазири умури хориҷа Абдулло Абдулло тасмим бигирад. Ин комиссиюн, ки таҳти сарпарастии СММ қарор дорад, бояд баъд аз тафтиши далелҳои зиёди тақаллубу қонуншиканиҳо натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 20 августро эълон кунад. Тибқи иттилоъи қаблӣ, дар ин маъракаи сиёсӣ Карзай беш аз 54 дар сади раъйҳоро дарёфт кардааст. Ва аммо агар баъд аз тафтиши такрории баргаҳои раъй дар баъзе мавзеъҳо теъдоди раъйҳои раисиҷумҳури феълӣ аз 50 дар сад камтар шуда бошад, он вақт ӯ маҷбур хоҳад буд то барои мақоми олии кишвар дубора бо Абдулло Абдулло вориди сабқат шавад.
XS
SM
MD
LG