Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои таҳқиқи ҷанги Русия ва Гурҷистон ба нашр расид


Тибқи натиҷаҳои таҳқиқи байнулмилалие, ки бо сарпарастии Иттиҳоди Аврупо ба анҷом расид, ҳарду ҷониби ҷанги Русия ва Гурҷистон дар нақзи қонунҳои башарӣ айбдор дониста шудаанд. Дар гузорише, ки дипломати швейтсарӣ, Ҳейдӣ Таглиавинӣ таҳия кардааст, гуфта мешавад, ки Гурҷистон ҷангро бо як ҳамлаи бедалел сар кард, аммо ҷавоби Русия низ зиёдаравона буд. Дар гузориш омадааст, ки ҷанги панҷрӯза натиҷаи иғвогариҳо ва ташаннуҷи дурудароз буд. Вазири ҳамоиши қаламравҳои Гурҷистон, Темур Иакобашвилӣ дар нишасти хабарӣ дар Тифлис дар ин робита гуфт:

"Мехоҳам таъкид кунам, дар ҳуҷҷат иддао намешавад, ки Гурҷистон ҷангро сар кард. Чунин шарҳи он ғалат хоҳад буд. Ин хел иддао дар гузориш нест. Гузашта аз ин, дар он гуфта мешавад, ҷанг на 7-ум ё 8-уми август сар шуд, балки иғвоҳои низомӣ муддати дароз таҳия гаштаанд."


Русия дар ин ҷанг нерӯҳои Гурҷистонро аз Осетияи Ҷанубӣ ва минтақаи дигари ҷудоихоҳ, Абхозистон берун ронда, ин мантиқро расман ба ҳайси давлатҳои мустақил эътироф кард.
XS
SM
MD
LG