Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз номзадии Чикаго пуштибонӣ хоҳад кард


Кохи Сафед мегӯяд, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар ин ҳафта ба манзури пуштибонӣ аз номзадии зодгоҳаш, шаҳри Чикаго ба ҳайси макони баргузории Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 ба Копенҳаген сафар карда, рӯзи ҷумъа дар иҷлосияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ ширкат хоҳад варзид. Обама нахустин раҳбари Амрикост, ки дар чунин иҷлос ширкат мекунад. Чикаго ба хотири дарёфти ҳаққи мизбонии Олимпиадаи соли 2016 бо Мадрид, Рио-де-Жанейро ва Токио вориди рақобат шудааст. Интизор меравад, подшоҳи Испания Хуан Карлос, раисиҷумҳури Бразилия Лула да Силва ва сарвазири Ҷопон Юкио Ҳатояма низ ба манзури ҳимоят аз он ду номзади дигар ба Копенҳаген сафар кунанд. Кумитаи байналмилалии олимпӣ макони Бозиҳои соли 2016-ро рӯзи ҷумъа таъйин хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG