Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар посгоҳ тарҷумони афғон кушта шуд


Дирӯз нируҳои Амрико дар Афғонистон ба сӯи мошине оташ кушоданд, ки ба дастури онҳо итоат накард ва роҳи худро идома дод. Дар натиҷаи ин оташ як нафар кушта, як нафари дигар захмӣ шудааст. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ҳар ду нафари савори мошин тарҷумонҳо будаанд. Нируҳои Амрико таъйид кардаанд, ки сарбозони онҳо ва сарбозони артиши Афғонистон дар ин кор даст доранд. Абдулраззоқ Ёқубӣ-раиси пулиси Қундуз гуфтааст, ҳар дуи тарҷумонҳо барои як ширкати хориҷӣ кор мекардаанд, ширкате, ки бо вазорати мубориза бо маводи мухаддир қарордод доштааст.
XS
SM
MD
LG