Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қафқоз мақоми пулис ва хешовандаш кушта шуданд


Сухангӯи вазорати дохилаи Доғистон гуфтааст, Алим Султон Атуев-муовини расёсати бахши расидагӣ ба ҷурму ҷиноёт бо як хешовандаш корманди пулис аз сӯи се марди мусаллаҳ дар назди як хона ба қатл расонда шудаанд. Ҳадс зада мешавад, ки куштори Атуев бо фаъолияташ дар ин мақом иртибот дорад. Раҳбарони маҳаллӣ ба Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия ҳушдор додаанд, ки тундравони исломӣ дар ҳамаи бахшҳои ҷомеъа дар ин минтақа нуфуз пайдо кардаанд ва онҳо талош доранд бар зидди чунин тундравҳо мубориза кунанд.
XS
SM
MD
LG