Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ: Эрон иштибоҳи "сахт" мекунад


Николя Саркозӣ - раиси ҷумҳури Фаронса ҳам имрӯз ба Эрон ҳушдор дод, ки дар сурати идомаи барномаҳои атомиаш “ иштибоҳи фаҷиъе” хоҳад кард. Вай зимни суханронӣ дар иҷлоси Маҷмаъи умумии Созмони Милал гуфт, раҳбарони Эрон иштибоҳ хоҳанд кард, агар бо посухҳои мубҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба барномаҳои низомии атомии худ идома диҳанд. Фаронса ҳамроҳ бо дигар аъзои Шӯрои Амнияти Созмони Милал ва Олмон моҳи оянда дар мавриди барномаҳои атомии Эрон бо ин кишвар гуфтӯгу хоҳад кард. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон талош дорад, то бомби атомӣ бисозад, агарчӣ ин иддаъоро ҳукумати Эрон рад мекунад.
XS
SM
MD
LG