Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси вазирони Аврупо ва Осиёи Марказӣ


Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон

Гуфта мешавад, ки марҳалаи душвор дар равобити миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ пушти сар шудааст.

Ба ҳар сурат, баъд аз анҷоми нишасти вазирони умури хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва ҳамтоёни онҳо аз 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел фазои гарме ҳукмфармо буд.

Муколама миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ моҳи июни соли 2007 баъди он ба роҳ монда шуд, ки Брюссел тарҳи стратегияи иттиҳод дар баробари ин минтақаро таҳия кард. Тасмими Иттиҳодияи Аврупо барои лағв ва мунҷамид сохтани бархе аз таҳримҳо алайҳи Узбакистон дар моҳи октябри соли 2007 гоме буд дар роҳи наздиктар шудани равобит миёни Брюссел ва Осиёи Марказӣ.

Таҳримҳо алайҳи Тошканд баъд аз саркӯб шудани тазоҳуроти Андиҷон аз сӯи артиши Узбакистон дар моҳи майи соли 2005 ҷорӣ шуда буданд ва тибқи онҳо, аз ҷумла, сафари бархе аз мақомоти ин кишвар ба кишварҳои узви Иттиҳод мамнӯъ шуда буд. Ва баъдан, пуштибонии Иттиҳоди Аврупо аз раёсати Қазоқистон дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар соли 2010 Брюсселро бо Осиёи Марказӣ наздиктар кард.

Бо вуҷуди ин нахустин конфаронси вазирони умури хориҷаи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Порис дар моҳи декабри соли гузашта бидуни натиҷа поён ёфта буд.

Ва аммо бегаҳи рӯзи сешанбе Карл Билдт, вазири умури хориҷаи Шветсия, кишвари раҳбари даврии Иттиҳоди Аврупо бо қаноатмандӣ мегуфт, ки рӯзи воқеъан пурсамареро пушти сар кардааст: «Фикр мекунам ман метавонам нуқтаи назари Иттиҳоди Аврупоро баён кунам, ки муколама бо ҳар раёсати навбатии Иттиҳоди Аврупо торафт аҷибтар, созандатар ва пурсамартар мешавад».

Билдт афзуд, Испания, ки аз моҳи январ то моҳи июли соли оянда раёсати даврии Иттиҳоди Аврупоро бар дӯш хоҳад дошт, ваъдаи ҳамкории наздик бо кишварҳои Осиёи Марказиро кардааст.

Дар навбати худ вазирони хориҷаи Осиёи Марказӣ ҳам қаноатмандӣ аз вазъи феълиро иброз доштанд. Дар нишасти хабарии муштарак вазири хориҷаи Қирғизистон Қодирбек Сарбаев, раҳбари идораи сиёсати берунаи Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Узбакистон Владимир Норов ва муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Константин Жигалов гуфтанд, ки бори аввал аз натоиҷи мулоқотҳо воқеъан ҳам розиянд.

Зимнан, барои нахустин бор ҳама намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар нишасти хабарӣ бо забони инглисӣ ибрози назар карданд, дар ҳоле, ки даҳ моҳ қабл дар Порис ҳамаи онҳо бо забони русӣ ҳарф мезаданд.

Владимир Норов, вазири умури хориҷаи Узбакистон дар ин нишаст гуфт, ки дар мулоқоти ахир дар қиёс бо нишасти аввал дар Порис баррасии воқеии масоили ҳамкориҳо ва талоши дарёфти нуқтаи назари воҳид сурат гирифт. Ӯ афзуд, «акнун мо мутмаин шудем, ки метавонем аз ин гуна мулоқотҳо суде бардорем».

Як бахши мулоқоти Брюссел ба вазъи Афғонистон бахшида шуд, ки бо се кишвари Осиёи Марказӣ марзҳои муштарак дорад. Ба гуфтаи Билдт, ибтидо вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо ба хотири барраси вазъи Афғонистон баъд аз интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурӣ, бо ҳамтоёнашон аз Осиёи Марказӣ мулоқотҳои алоҳида доир карданд.

Ва аммо аҳли нишаст бештар рӯи мавзӯъи бӯҳрони иқтисодӣ тамаркуз намуданд, ки аз он ба Осиёи Марказӣ ҳам осеби ҷиддӣ расидааст. Дар як мусоҳиба бо вебсайти Шӯрои вазирони Иттиҳодияи Аврупо Пиер Морел, фиристодаи вижаи Иттиҳодияи дар Осиёи Марказӣ гуфтааст, ки аз ин бӯҳрон аз ҳама бештар иқтисоди Қазоқистон зарар дид.

Дигар кишвари минтақа Тоҷикистон, ба гуфтаи Морел, «аз коҳиши интиқоли маблағи муҳоҷиронии корӣ аз Русия ва дигар мамолик ранҷ мекашад». Ва аммо дар Узбакистон ва Туркманистон, ки системи иқтисодияшон пушти парда қарор дорад, вазъ нисбатан беҳтар аст.
Гуфта мешавад, ки кишварҳои аврупоӣ ба захоири энерҷии Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳи зиёд доранд.

Пиер Морел дар сӯҳбати худ гуфтааст, ки Иттиҳоди Аврупо бо Қазоқистон ва Туркманистон дар мавриди ҳамкорӣ дар бахши энерҷӣ созиши аввалия ҳосил кардааст ва гуфтушунид бо Узбакистон даро ин мавзӯъ идома дорад.

Ҳамаи ин кишварҳо, ба гуфтаи Пиер Морел, метавонанд дар тарҳи Набукко саҳм бигиранд, ки баъди панҷ-ҳафт сол мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Дар нишасти вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҳамчунин масоили ҳифзи муҳити зист, мубориза бо ҷинояткории муташаккил, қочоқи инсон ва маводи мухаддир баррасӣ шуд. Вазирони хориҷаи Осиёи Марказӣ мавзӯъи ифротгароии мазҳабиро ба миён гузоштанд ва Иттиҳоди Аврупо аз кишварҳои минтақа хостори арҷгузорӣ ба ҳуқуқи инсон ва волояти қонун шуд.
XS
SM
MD
LG