Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтиёткории Иттиҳоди Аврупо дар масъалаи оби ОМ


Наталия Мириманова, пажӯҳишгари аршади барномаи Осиёи Марказӣ дар Маркази пажӯҳиши сиёсатҳои Аврупо мегӯяд, Иттиҳоди Аврупо дар амри мусоидат ба рафъи ихтилофоти назар дар мавриди тақсими об дар кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз ҳад дипломатӣ ва бо эҳтиёт рафтор мекунад.

Радиои Озодӣ: «Назари шумо доир ба ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ва иҷрои стротежии Иттиҳоди Аврупо дар қиболи Осиёи Марказӣ?

Наталия Мириманова: “Бидуни шак, майдон барои ҳамкорӣ миёни ду тараф бисёр васеъ аст ва бисёриҳо, худи тасмимгирандагон дар Иттиҳоди Аврупо медонанд, ки ин ҳамкорӣ чандон фаъол нест. Имконот барои ҳамкорӣ бисёр зиёд аст ва аз ин рӯ кори зиёде мондааст, ки бояд анҷом дода шавад. Таври маълум стротежии Иттиҳоди Аврупо дар қиболи Осиёи Марказӣ чанд авлавият дорад. Дар он аввал расидагӣ ба масоил дар миқёси минтақа сурат мегирифт, ки ҳамкориҳои минтақавӣ дар инҷо дар арсаи об, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, фақру муҳоҷират ва ғайра рушд кунад. Вале баъди баррасии натиҷаҳои ингуна бархӯрд ба минтақа, корро бо кишварҳои алоҳида идома доданд, ҳарчанд, расидагӣ ба масоил дар миқёси минтақа боқӣ мондааст. Авлавият дар стротежии Иттиҳоди Аврупо дар қиболи Осиёи Марказӣ ҳанӯз ҳам обу энержӣ, ҳуқуқи инсон ва амният ба мафҳуми васеъи он ва маориф боқӣ мемонад. Дар маҷмӯъ, ҳамкорӣ дар ин заминаҳо ривоҷ меёбад, аммо ҳама тарафҳо дарк мекунанд, ки ин ҳамкориҳо бо он суръате, ки ҳама мехоҳанд, рушд намекунанд.“

Радиои Озодӣ: «Чӣ монеаҳое ҳаст, ки намегузорад, ҳамкориҳои ду тараф тавре шумо гуфтед ба шакли дилхоҳ рушд кунанд?»

Наталия Мириманова: “Монеаҳои мухталиф вуҷуд доранд, аз ҷумла монеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ. Масалан, агар монеаҳои иқтисодиро бигирем, аз назари сармоягузорӣ, фасодкорӣ ва номувофиқатии қонунҳои Осиёи Марказӣ бо қонунгузориҳои аврупоӣ, масъалаи мушкили содироту воридот низ монеа эҷод мекунад. Аз назари сиёсӣ, бидуни шак ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ аз арзишҳои волои демократӣ дуранд ва аз ин хотир, дар ин ҷо муколамаи зиёде бояд сурат бигирад. Таври маълум, Иттиҳоди Аврупо дар аввал ҳамчун як сохтори сиёсӣ зуҳур карда буд, аз ин хотир муколамаи сиёсӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барои Иттиҳоди Аврупо хеле муҳим аст. “

Радиои Озодӣ: «Албатта, шумо ҳам медонед, ки масъалаи тақсими захираҳои об дар Осиёи Марказӣ тайи вақтҳои ахир ба як масъалаи доғ дар минтақа табдил шудааст. Вале нақши Иттиҳоди Аврупоро дар роҳи рафъи ин баҳсу танишҳо ночиз медонанд? Шумо ба ин гуфта мувофиқ ҳастед?»

Наталия Мириманова: “Масъалаи обу идораи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ва ба андешаи ман масъалаи сиёсати об дар минтақа ба фикри ман яке аз масъалаи мушкилтарин барои Иттиҳоди Аврупо аст, зеро кишварҳои минтақа дар ин замина ихтилофоти амиқи назар доранд. Аммо вазъ чунин аст, ки кишварҳои поёноб назар ба кишварҳои болооб қавитаранд, имконоти бештар доранд ва мутаносибан вазни онҳо бештар аст. Яъне, ин ҷо нобаробарии вазн ҳаст. Бо вуҷуди он ки масоили тақсими об масъалаи бисёр бузургу сахт аст, аммо ба андешаи ман Иттиҳоди Аврупо дар ин замина беш аз ҳад боэҳтиёт ва дипломатӣ рафтор мекунад. Аммо дар ин майдон на танҳо Иттиҳоди Аврупо, балки дигар бозигарони бузург ба мисли Созмони Милал, Барномаи Рушди Созмони Милал, Маркази минтақави ҷилавгирии аз муноқишаҳои ин созмон дар Туркманистон ҳам нақш доранд, вале ҳамаи онҳо кӯшиш мекунанд, ки аз масъалаи асосӣ худро канор бигиранд, яъне аз масъалаи бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ, масъалаи обёрӣ ва ҳамингуна усулҳои кишоварзӣ. Масалан, дар Қирғизистону Ӯзбакистон парвариши пахтаву шолӣ дар биёбонҳо усули чандони оқилона нест ва умуман ин ҷо як бастаи мушкилот аст, ки ба расидагии ҳаматарафа ниёз дорад.“

Радиои Озодӣ: «Пас Иттиҳоди Аврупо дар ин замина чӣ гуна метавонад дар ҳалли ин гуна баҳсҳо мусоидат кунад?»

Наталия Мириманова: “Ба андешаи ман, Иттиҳоди Аврупо сохторест, ки дар амри ҳалли баҳсҳои захираҳои об дар Осиёи Марказӣ метавонад нақши пешворо дошта бошад. Ман ҳамчун пажӯҳишгари масоили муноқишаҳо дар робита ба масъалаи Сирдарё, ва муносиботи Қирғизистону Қазоқистон дар робита ба он кор кардаам ва ба андешаи ман мушкилоти ҳалнопазир дар он вуҷуд надорад. Ин танҳо масъалаи ҳалли мушкил бо назардошти манофеъи дуҷониба аст. Аммо ҳоло расидагӣ ба мушкили обро дигар навъ сурат мегирад, яъне бо сармоягузории зиёд ба тарҳҳои музофотӣ, ки мушкили аслиро ҳал нахоҳад кард. Масалан ҳоло дар Қазоқистон обанбори Коксаройро месозанд, ки пулу сармояи зиёдеро талаб мекунад, аммо дар асл агар Қазоқистон бо Ӯзбакистону Қирғизистон ҳамкории хуби иқтисодӣ ва энержӣ ба роҳ монад, зарурат ба сохтани чизе вуҷуд надошт ва Қазоқистон ҳам дучори селу ва дигар чизҳо намешуд.

Ҳамин гуна масоили об чизест, ки ҳеҷ кас намехоҳад ҷасорати сиёсии ҳалли онро бар ӯҳда бигирад. Дар инҷо ҳеҷ чизи мушкил ва ҳалношуданӣ нест ва дар ниҳояти амр ин ба манфиати ҳама мебошад. Дигар ин ки масъалаи об дар Осиёи Марказиро беш аз ҳад сиёсӣ кардаанд, ва онро ба як бахши рақобати пешвоӣ дар минтақа табдил додаанд, ки ба назари ман бисёр нодуруст аст, зеро об аз они ҳама аст ва ҳама аз он метавонанд манфиат бардоранд. Ба фикри ман Иттиҳоди Аврупо дар ин замина кореро ки метавонад, бо оромӣ ва истифода аз таҷрибаҳои дипломативу эътибор ва такяяаш ба муколама метавонад, анҷом бидиҳад намекунад.“
XS
SM
MD
LG