Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умедвории Митчелл ба тавофуқ дар Ховари Миёна


Фиристодаи Амрико дар умури Ховари Миёна гуфт, умедвор аст, ки дар рӯзҳои наздик бо раҳбарони исроиливу фаластинӣ ба тавофуқоте даст биёбад, ки роҳро ба сӯи тавқифи шаҳраксозии Исроил ва азсаргирии музокироти сулҳи минтақа боз кунад. Ҷорҷ Митчелл, ки рӯзи якшанбе дар Байтулмуқаддас сӯҳбат мекард, гуфт, ба хотири ахзи тавофуқ бар сари масоили, ба гуфтаи ӯ, “барҷаста”, кори сахте дар ҳоли иҷрост. Митчелл, ки рӯзи шанбе вориди Исроил шуд, талош дорад тарҳи қарордодеро таҳия кунад, ки тибқи он, Исроил шаҳраксозиашро дар сарзаминҳои ишғолии каронаи бохтарии рӯди Урдун қатъ кунад ва давлатҳои арабӣ дар посух ҷиҳати ба расмият шинохтани Исроил низ гомҳое бардоранд. Раҳбари фаластиниҳо Маҳмуд Аббос, ки қарор аст, рӯзи сешанбе бо Ҷорҷ Митчелл мулоқот кунад, гуфтааст, то замони тавқифи шаҳраксозии Исроил музокироти сулҳи Ховари Миёнаро аз сар нахоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG