Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҷавобӣ ба шӯришиён дар Фароҳ


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, нерӯҳои давлатӣ ва хориҷӣ дар як ҷанг бо тундравон дар вилояти Фароҳ даҳҳо тан аз он шӯришиёнро куштанд. Рӯҳуламин як мақоми расмии вилояти Фароҳ гуфт, ин ҷанг баъди ҳамлаи ғофилгиронаи ҷангҷӯёни Толиб ба нерӯҳои амрикоӣ ва афғон дар рӯзи гузашта сурат гирифт, ки дар он ҳамла се сарбози амрикоӣ ва ҳафт сарбози афғон кушта шуданд. Ин сарбозон як корвони кӯмакҳои ғизоии Созмони Милали Муттаҳидро ҳамроҳӣ мекардаанд. Ба гуфтаи Рӯҳуламин нерӯҳои эътилофӣ дар посух, ба мавзеъҳои тундравон ҳамлаи ҳавоӣ карда ва 50 тани онҳоро куштаанд. Бино ба гузоришҳо, дар ду рӯзи гузашта хушунат на танҳо дар ҷанубу шарқи бесуботи Афғонистон, балки дар дигар минтақаҳои ороми кишвар афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG