Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон сухангӯи Толибон дар Свотро боздошт кард


Артиши Покистон Муслимхон -сухангӯи Толибон дар водии Свот ва чаҳор раҳбари шӯришиёни ин минтақаро боздошт кардааст. Артиш гуфтааст, Муслимхон ва дигарон дар ҷараёни як амалиёти муваффақиятомез боздошт шудаанд. Барои сари Муслимхон ва яке дигар аз онҳо бо номи Маҳмудхон 121 000 доллар ҷоиза муқаррар шудааст. Артиши Покистон мегӯяд, ки тавонистааст, дар ҷараёни амалиёти авоили соли ҷорӣ бештари водии Свотро аз ҳузури тундравҳо пок созад, вале ба он муяссар нашуда буд, ки ягон нафар аз раҳбарони калидии тундравҳоро боздошт кунад.
XS
SM
MD
LG