Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия интиқоли мушакҳои S-300 ба Эронро рад кард


Имрӯз Сергей Лавров-вазири умури хориҷаи Русия гуфт, гузоришҳо дар ин бора, ки роҳзанон киштии Arctic Sea-и ҳомили мушакҳои S-300-и зидди ҳавопаймоҳоро боздошт кардаанд, "комилан дурӯғ" аст:
"S-300 дар киштии Arctic Sea комилан дуруст нест. Ман метавонам бигӯям, ки Русия аз ҷониби худ ба зудӣ дар ин киштӣ бозрасӣ анҷом медиҳад. Намояндагони Малта ҳам ба ин бозрасӣ даъват мешаванд. Ҳама чиз рӯшан хоҳад шуд. Ман умедворам, ҳама хоҳанд дид, ки ин сару садоҳо замина надорад".
Тибқи ин гузоришҳо, киштии мазкур ин мушакҳоро ба Эрон интиқол медодааст. Идао мешавад, ки моҳи июл ин киштӣ бо парчами кишвари Малта ва бо маллоҳони Русия дар наздикии обҳои Суэд ба дасти роҳзанон афтодааст. Боздошти киштӣ ва сарнишинони он баъд аз бозгашти онҳо ба Русия билофосила сару садоҳоро паҳн кард, ки ин киштӣ бори махфӣ интиқол медодааст. Рӯзномаи "Сандей Таймс"- чопи Лондон аз қавли манобеи русӣ ва исроилӣ навишт, хадамоти кашфи Моссади Исроил ва Маскав барои муттавақиф сохтани киштӣ аз роҳ ба сӯи Эрон як ҷо кор кардаанд.
XS
SM
MD
LG