Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чавес имрӯз вориди Туркманистон хоҳад шуд


Раисиҷумҳури Венесуэла Ҳуго Чавес имрӯз вориди Ишқобод, пойтахти Туркманистон мешавад. Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов изҳори умедворӣ карда, ки музокироти ӯву Чавес заминаи хуби рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дарозмуддат ва барои ҳарду ҷониб сӯдмандро хоҳад гузошт. Бино ба хабарҳо, як мавзӯъи аслии ин музокирот масоили энержӣ хоҳад шуд. Туркманистон бузургтарин тавлидкунандаи газ дар Осиёи Марказӣ ва Венесуэла пешсафи ин бозор дар Амрикои лотинист. Чавес нахустин раҳбар аз Амрикои лотинист, ки ба Осиёи Марказӣ сафари расмӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG