Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи мотами сайёҳони ҳалокшуда дар Мақдуния


Имрӯз дар Мақдуния рӯзи мотами 15 мусофирест, ки рӯзи шанбе дар сониҳаи як киштии сайёҳӣ дар ғарби ин кишвари нимқораи Балкан ҷони худро аз даст доданд. Пулис мегӯяд, киштии пурмусофир дар масофаи ҳамагӣ 200 метр аз соҳили кӯли Оҳрид зери об рафт. Ҳамаи ҳалокшудагон сайёҳони булғор будаанд, ки мехостанд як дайри қуруни вусторо дар наздикии марзи Албания тамошо кунанд. Дар Булғористон низ фардо ба ёди қурбониёни ин фоҷиа рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст.
Нохудои киштии ғарқшуда боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG