Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав ва Варшава ҳамроҳ таърихро таҳқиқ мекунанд


Владимир Путин ва Доналд Туск дар бораи ташкили ду маркази муштарак оид ба омӯзиши масоили баҳсбарангези таърих ба мувофиқа расидаанд. Дар ин бора ба думболи музокироти сарвазирони Русия ва Лаҳистон дар шаҳри Сопотии канори Гданск хабар дода шуд. Гуфта мешавад, ки ин марказҳо дар ҳарду кишвар мустақар хоҳанд шуд.
Владимир Путин дар нишасти хабарии муштарак ба думболи музокирот гуфт, ки тайи ду соли ахир равобити миёни ду кишвар беҳбуд ёфтааст, ҳарчанд бархе аз мушкилот, аз ҷумла, мушкилоти таърихӣ боқӣ мондааст. Доналд Туск, дар навбати худ, изҳор намуд, ки пажуҳиши муштараки мушкилоти таърихӣ боиси ҳамдигарфаҳмии бештари кишварҳо хоҳад шуд. Сарвазирҳо гуфтанд, ки онҳо мавзӯъи содироти гази Русия ба Лаҳистонро ҳам баррасӣ карданд.
XS
SM
MD
LG