Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Султонӣ: Эрон бо МАГАТЭ ҳамкорӣ кардааст


Мақомоти Эрон гуфтанд, ки Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ваё МАГАТЭ ҳадафи осоишта доштани барномаи ҳастаии кишварро тайид кардааст. Алӣ Асғар Султонӣ, намояндаи Эрон дар МАГАТЭ ба хабаргузории Форс гуфтааст, гузориши ахиран нашршудаи Оҷонс ҳокист, ки Теҳрон ҳамкориро бо МАГАТЭ идома медиҳад ва ин ниҳод ҳамчунин тайид кардааст, ки ғанисозии ураниум дар корхонаҳои ҳастаии Эрон коҳиш ёфтааст.
Ва аммо Вошингтон бо такя ба гузориши ахири Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ эълом дошт, ки Теҳрон қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро нодида мегирад ва ғанисозии ураниумро идома дода, аз ҳамкории комил бо МАГАТЭ сарпечӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG