Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гордон Браун аз Афғонистон дидан кард


Гордон Браун, сарвазири Бритониё бо як сафари ғайриинтизор вориди Афғонистон шуд. Дар ҷараёни ин сафар ва дидору гуфтугӯҳо дар Кобул ӯ ба зарурати тезонидани раванди омода кардани нерӯҳои амниятии Афғонистон таъкид кард. Гордон Браун дар мулоқот бо фармондеҳи нави нерӯҳои НАТО дар Афғонистон генерали амрикоӣ Стэнлӣ МакКристал ӯ имкони интиқоли нерӯҳои иловагии бритониёвӣ ба Афғонистонро баррасӣ намуд. Айни ҳол дар ин кишвар тақрибан 9 ҳазор афсару сарбоз аз Бритониё ҳузур доранд, ки теъдоди бузурги онҳо дар вилояти Ҳилманд мустақар шудаанд.
XS
SM
MD
LG