Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

150 соат кор - барои латукӯби муҳоҷири тоҷик


“Сова”, як маркази дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Русия, хабар дод, ки як донишҷӯ дар шаҳри Екатеринбург бо ҷурми латукӯби шаҳрванди Тоҷикистон ба 150 соати корҳои иҷборӣ маҳкум шудааст. Додгоҳ ба хулосае расид, ки ин донишҷӯ муҳоҷири тоҷикро дар заминаи адовати қавмӣ латукӯб кардааст.
Бино ба хабарҳо, ин донишҷӯ ҳанӯз дар моҳи март дар ҳолати мастӣ бо посбони як мағозаи хӯрокворӣ, ки шаҳрванди Тоҷикистон будааст, дарафтода, бо шиори “Русия барои русҳост!" посбони 47-соларо зери мушту лагат мегирад.
XS
SM
MD
LG