Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дӯстони Покистон" гирди ҳам меоянд


Вазирони умури хориҷаи умдатарин кишварҳои кӯмакрасони Покистон имрӯз дари шаҳри Истанбул роҳҳои кӯмак ба ин кишварро баррасӣ мекунанд. Қарор аст дар ин нишасти дурӯза, Ричард Ҳолбрук – намояндаи вижаи Амрико барои Покистон ва Афғонистон, ширкат кунад. Дар ҳамоиши мазкур аъзои гурӯҳи мавсум ба “Дӯстони Покистон” ширкат мекунанд, ки ба он гурӯҳ 20 кишвари дунё аз ҷумла Бритониё, Амрико, Чину Туркия ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ шомиланд.
XS
SM
MD
LG