Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар раҳпаймоии Маскав 9 мухолифи Кремл боздошт шуд


Рӯзи шанбе кормандони амниятии Русия дар маркази Маскав дар ҷараёни раҳпаймоие 9 нафар аз фаъолони мухолифонро боздошт карданд. Анатолий Ластовецкий-сухангӯи пулиси Маскав ба хабаргузории Итерфакс гуфтааст, шумораи ширкаткунандагони раҳпаймоӣ аз тавофуқоти қаблӣ бештар будааст ва ширкаткунандагон ба ҷои як шиор дар даст ду шиор доштаанд. Ин раҳпаймоиро ҷунбиши зидди Кремл бо номи "Солидарност" ташкил кардааст. Дар ин ҷунбиш Борис Немцов-нахуствазири собиқ ва Гарри Каспаров-қаҳрамони собиқи шатранҷи ҷаҳон узвият доранд. Немцов ба радиои "Эхо Москви" гуфтааст, дар миёни боздоштшудагон Роман Доброхотов-раиси ҷунбиши ҷавонон бо номи "Ми" ва Иля Яшин-яке аз фаъолони номдор низ будаанд.
XS
SM
MD
LG