Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотимаи тирандозӣ дар бонки Кобул


Пулиси Афғонистон се фарди мусаллаҳеро куштааст, ки ба як бонки шаҳри Кобул ҳамла карданд. Ин се нафар, субҳи имрӯз ба шӯъбаи “Паштанӣ Банк” ворид шуда ва тайи чанд соат бо маъмурони пулис тирандозӣ карданд. Як сухангӯи Толибон эълом кард, ки ин ҳамла кори дасти панҷ нафар аз ҷангҷӯёни ин гурӯҳ будааст. Дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон тайи панҷ рӯзи ахир ин саввумин ҳамлаи бузург ба шаҳри Кобул аст. Дирӯз як бомбгузори маргталаб, бо ҳамла ба нерӯҳои хориҷӣ, ҳашт нафар аз ҷумла ду коркуни маҳаллии Созмони Милал ва як сарбози НАТО-ро кушт. Ҷангҷӯёни Толиб қавл додаанд, ки интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистонро, ки фардо баргузор мешавад, баҳам мезананд.
XS
SM
MD
LG