Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуфусшуморӣ дар Ироқ ба таъхир андохта шуд


Ироқ баргузории нуфусшумории саросариро ба таъхир андохт. Ин нуфусшуморӣ барои нахустин бор дар ду даҳсолаи охир қарор буд, рӯзи 24 октябр доир шавад, вале мақомот ба ин далел, ки ин маърака метавонад боиси бурузи танишҳои қавмиву сиёсӣ шавад, онро ба таъхир андохт.
Вазири плани Ироқ Алӣ Бобон гуфт, як далели таъхири нуфусшуморӣ баҳсҳои сиёсӣ бар сари сарзаминҳое дар шимоли Ироқ, маҳалли сукунати арабҳову курдҳо будааст.
Охирин нуфусшуморӣ дар Ироқ соли 1987 доир шуда, ҷамъияти он кишварро 16 миллион баровард карда буд. СММ ҷамъияти кунунии Ироқро ҳудуди 30 миллион рақам мезанад.
XS
SM
MD
LG