Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авҷ гирифтани хушунат дар Чеченистон


Мақомоти Чеченистон мегӯянд, бар асари даргирии мусаллаҳона миёни нерӯҳои пулис ва тундравон дар наздикии шаҳри Грозний чаҳор афсари пулис ва ду тундрав кушта шуданд. Пештар аз ин ҳодиса дар ноҳияи дигари Чеченистон дар як чунин даргирӣ панҷ сарбози вазорати умури дохила маҷрӯҳ шудаанд. Дар авохир нооромиҳо дар кишварҳои қафқозии Русия авҷ гирифтаанд. Аз ҷумла дар Доғистон ҳам рӯзи панҷшанбе афроди мусаллаҳ ба посгоҳи пулис ва ҳаммоми назди он ҳамла бурда, чаҳор корманди милиса ва ҳафт занро куштанд.
XS
SM
MD
LG