Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони амрикоӣ дар Ҳилманд мустақар шуданд


Дар ҷануби Афғонистон сарбозони амрикоӣ бар зидди Толибон амалиёт пеш мебаранд, ки ҳадаф аз он ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои пайравони ҷумбиши ифротгарои исломӣ дар давраи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар аст.

Дар ноҳияи Навзоди вилояти ҷанубии Ҳилманди Афғонистон, ки пойгоҳи Толибон ба ҳисоб меравад, бо дастгирии чархболҳо 400 сарбози амрикоиву 100 низомии афғон мустақар шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, аз вилояти нисбатан ороми Кундуз ҳам хабари даргирӣ расидааст. Толибони ҷангҷӯй болои бошгоҳи ноҳияи полиси ин вилояти шимолии Афғонистон ҳамла карда, раиси полис ва як каси дигарро ба қатл расонданд. Дар арафаи интихоботи президентӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ, ки 20-уми август доир хоҳад шуд, Афғонистон фавқулода ноором шудааст. Афғонистон аз охирҳои соли 2001-ум, яъне замони фурӯпошии ҳукумати Толибон шоҳиди чунин нооромиҳо набудааст.
XS
SM
MD
LG