Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пушти девори зиндонҳо чӣ мегузарад?


Дар Тоҷикистон танҳо раисиҷумҳур, намояндагони ҳукумат ва вакилони порлумон ҳаққи вуруди бемамониат ба маҳбас ва мулоқот бо маҳбусонро доштаанд.

Қонунҳои ҷории Тоҷикистон ба созмонҳои байналмиллалӣ, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва ба аҳзобу созмонҳои маҳаллӣ иҷозаи вуруд ба маҳбасҳоро намедиҳад.

Ин нуктаро Баҳром Абдулҳақов, муовини раиси раёсати маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон, дар ҳузури намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар шаҳри Душанбе таъйид намуд ва гуфт, ҳанӯз ба ҷуз намояндагони ҳукумату депутатҳо ҳеҷ кас ҳаққи вуруд ба маҳбасҳоро надорад.

Вале дар расидагӣ ба ин суол ки оё таи чанд соли ахир раисиҷумҳур ё кадом намояндаи ҳукумат ва ё вакили порлумон аз маҳбасҳо дидан кардаанд, Баҳром Абдулҳақов гуфт: “Бале, аз моҳи март то апрели соли равон танҳо вакилони мардумии вилояти Хатлон аз маҳбасҳо дидан кардаанд ва санаду пешниҳодоти худро ба раёсати маҳбасҳои ирсол доштанд.”

Дар ҳоле ки Баҳром Абдулҳақов мегӯяд, ки вакилони порлумон тибқи қавонини ҷории ин кишвар ҳаққи вурудро ба маҳбасҳо доранд, намояндаи ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Ҳикматулло Сайфуллозода ин иддаоро рад намуд таъкид кард, ки раиси ҳизби наҳзат Муҳиддини Кабирӣ, ки ҳамзамон вакили Маҷлиси намояндагон аст, ба дархосташ барои дидор аз як маҳбас аз раёсати маҳбасҳо посухи рад гирифт.

Аммо ба ҳар ҳол роҳи ҳал кадом аст? Ё ин ки ҳамчунон дарвозаҳои маҳбасҳои Тоҷикистон барои ниҳодҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар барои давраи номаълум баста мемонад?

Намояндаи Маркази Созмони Амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Паёми Фуруғӣ пешниҳод мекунад, ки танҳо пас аз шомили протоколи байналмилалии ихтиёрии зидди шиканҷа шудани Тоҷикистон метавонад ин масъала ҳаллли худро пайдо кунад ва роҳро барои дигарон ҳамвор кунад.

Дар ҳоле ки Тоҷикистон вуҷуди маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои худро ба таври қатъӣ рад мекунад, таҳлилгарони масоили сиёсӣ ва ҳуқуқӣ сабаби аслии роҳ наёфтани созмонҳои байналмилалӣ ва маҳалиро ба зиндонҳо дар вуҷуди ҳамин масъала медонанд.
Маълум мешавад, ҳатто омбудсмен, ки ахиран дар Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намуд, низ ҳақи вуруд ба зиндонҳоро ҳанӯз надорад.
XS
SM
MD
LG