Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷуним ҳазор тоҷики зиндонӣ дар Русия


Дар зиндонҳои Русия аз миёни собиқ Шӯравиён беш аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ба сар мебурдаанд.

Як масъули Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия, Валерий Зайтсев ба хабаргузории русии Интерфакс гуфтааст, қариб панҷуним ҳазор тоҷикистонӣ дар маҳбасҳои Русия бо иттиҳоми даст доштан дар ҷурмҳои гуногун ба сар мебаранд. Ин масъул гуфтааст, ин шумор тақрибан панҷяки тамоми шаҳрвандони маҳбус аз собиқ кишварҳои Шӯравиро ташкил медодааст. Камтар аз ҳама, шаҳрвандони Эстония, ҳамагӣ 15 нафар, дар маҳбасҳои Русия будаанд.

Даҳ сол қабл дар зиндонҳои Русия аз ҳама бештар шаҳрвандони Укроин, Гурҷистон ва Озарбойҷон будаанд. Ҳамакнун, укроиниҳо ҷойи аввали худро дар ин феҳрас ба тоҷикҳо додаанд.

Пас аз Тоҷикистон аз ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ дар зиндонҳои Русия ин шумори шаҳрвандон маҳбусанд:
Узбакистон (4.000 маҳбус), Озарбойҷон (3.182 маҳубс), Қазоқистон (1624 маҳбус), Молдова (1485 маҳбус), Арманистон (1207 маҳбус), Беларус (1078), Қирғизистон (950), Туркманистон (198), Латвия (38), Литва (53) ва Эстония (15).

Дар маҷмӯъ, бино бар омори расмӣ, дар маҳбасҳои Русия бо рақамҳои то якуми апрели соли ҷорӣ тақрибан 900.000 нафар зиндонӣ будаанд.
XS
SM
MD
LG