Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди аввали ҷанги Русия бо Гурҷистон


Муҷассамаи шаҳидони ҷанг дар шаҳри Гории Гурҷистон
Муҷассамаи шаҳидони ҷанг дар шаҳри Гории Гурҷистон

Имрӯз, 7 август, ба шурӯъи ҷанги кӯтоҳ байни Русияву Гурҷистон дуруст як сол пур мешавад.

Дар натиҷаи ин ҷанг, ки 5 рӯз идома кард, Русия қаламрави вилоятҳои ҷудоиталаби Абхозистону Осетияи ҷанубӣ ва ҳатто як бахш аз қаламрави дохили Гурҷистонро ишғол кард ва танҳо таҳти фишори байналмилалӣ нирӯҳояшро аз дохили Гурҷистон берун кашид. Аммо нирӯҳои низомии Русия дар ҳудуди вилоятҳои ҷудоиталаб боқӣ монданд ва Сухуму Схинвал зери ҳимояти Маскав истиқлолияти комили худро аз Тифлис эълом карданд, ки то кунун танҳо аз сӯи Русия ва Никарагуа ба расмият шинохта шудааст.

Қарор аст, имрӯз раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ бо як паёми хос ба мардум муроҷиат кунад. Рӯзи 7 август дар Гурҷистон як силсила маросими ёдбуд, аз ҷумла як дақиқаи саросарии хомӯшӣ ба ёди қурбониёни он ҷанг, дар назар гирифта шудааст.

Ҷанг бо Русия ва аз дасти Тифлис рафтани вилоятҳои ҷудоиталаби Абхозистону Русия мавҷи мухолифатҳо алайҳи сиёсатҳои давлати Михаил Саакашвилиро дар Гурҷистон барангехтааст ва мухолифин, ки ба суфуфи онҳо як шумори қобили мулоҳиза аз ёрони собиқи Саакашвилӣ ва аз аъзои собиқи давлати ӯ низ пайвастаанд, бо талаби истеъфои пеш аз мӯҳлати Саакашвилӣ аз мақоми раёсати ин ҷумҳурӣ маъракаҳои густардаи эътирозӣ низ ба роҳ андохта буданд.

Имрӯз дар вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ низ аз солгарди авввали ҷанг бо Гурҷистон ёд мекунанд. Интизор меравад, раҳбари ҷудоиталабон Эдуард Кокойтӣ дар ин рӯз бо як паёми вижа ба мардумаш муроҷиат кунад. Маросими ёдбуд як дақиқаи хомӯшӣ ба хотири қурбониёни ҷанги кӯтоҳ, вале пурқурбонии моҳи августи соли гузаштаро низ дар бар мегирад.

Солгарди аввали шурӯъи ҷанги Русия бо Гурҷистон дар ҳоле фаро мерасад, ки тайи як ҳафтаи охир танишҳо бар сари вилояти Осетияи ҷанубӣ афзоишт ёфта, ҳарду ҷониб ҳамдигарро дар анҷоми ҳамлаҳои хурд ва “иғвоҳо” айбдор мекунанд.

Ин танишҳо мояи нигарониҳои афзояндаи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо шуда, онон ҳамаи ҷонибҳои зидахли қазияро ба хештандорӣ даъват кардаанд.

Созмони Афви байналмилалӣ гуфт, як сол баъд аз ҷанги Русияву Гурҷистон барс ари вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ 30 000 нафар ҳамчунон наметавонанд ба манзилҳои худ баргарданд. Ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар дар гузорише, ки 7 август, дар солгарди аввали шурӯъи ҷанги панҷрӯзаи Русияву Гурҷистон нашр кард, мегӯяд, “таниши фарогир ва адами амният бисёри мардумро аз бозгашт ба манзилҳои худ манъ мекунад.”
XS
SM
MD
LG