Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии амрикоӣ бо кумаки башарӣ ба Гурҷистон омад


Батумӣ, 24-уми август
Батумӣ, 24-уми август

Амрико “ЮСС Макфол” ("USS McFaul") , киштии низомии амрикоии ҳомили кумаки башардӯстона, вориди бандари гурҷии Батумӣ, воқеъ дар баҳри Сиёҳ, шуд.

Гуфта мешавад, ин кумаки башарӣ, аз ҷумла, иборат аз болопӯш, лавозимоти ҳифзи саломатӣ ва ғизои кӯдакон мебошад. Дар ҳоли ҳозир ин нахустин кумаки башардӯстонаи ИМА ба Гурҷистон аз тариқи роҳи обист: аз ин пеш Амрико ёрии башардӯстонаашро аз тариқи ҳавопайомоҳои боркаши низомӣ ба ин кишвари қафқозӣ интиқол дода буд.

Дар бандари Батумӣ афсарони дарёии амрикоиро мақомдорони гурҷӣ истиқбол намуданд. Вазири дифоъи Гурҷистон Давид Кезарашвилӣ ба хабарнигорон гуфт, расидани киштии “Макфол” аз он шаҳодат медиҳад, ки Гурҷистон танҳо нест: “Пеш аз ҳама, ин исбот мекунад, ки Гурҷистон танҳо нест, Гурҷистонро дар вазъи сангин ба ҳоли худ намегузоранд. Ин ҳамчунин маънои онро дорад, ки ба Русияи нахуствазир Путин иҷозат намедиҳанд, то ба умури Гурҷистон мудохила кунад. Ва на фақат ба Гурҷистон, балки ба боқӣ кишварҳои собиқ шуравӣ ҳам!”
Шаҳри Батумӣ дар наздикии марз бо Туркия ҷойгир шудааст.
Дар ҳоле ки артиши Русия аз дохили Гурҷистон фаро хонда шуд, низомиёнии он бандари Потиро, ки дар 80 километрии Батумӣ воқеъ аст, ҳамоно таҳти идораи худ нигаҳ медоранд. Капитани амрикоӣ Мур ба суъоли хабарнигорон дар мавриди онки оё ҳузури артиши Русия дар Потӣ Амрикоро нороҳат намекунад, ин гуна посух дод: “На, ҳузури онҳо моро асабонӣ намекунад. Мо дастрасии озод ва номаҳдуд ба ин бандарро дархост кардем ва ба мо иҷозат доданд. Мо хеле миннатдорем”.

Интизор меравад, ки дигар киштиҳои амрикоӣ низ то охири ин ҳафта худро ба соҳилҳои Гурҷистон расонанд. Раиси Шӯрои амнияти миллии Гурҷистон Каха Ломая ба хабаргузории “Ройтерс” гуфт, ки Тифлис ва Маскав дирӯз дар бораи хурӯҷи нерӯҳои русӣ аз Потӣ ба тавофуқ расиданд, аммо ин хабар аз сӯи Кремл ҳанӯз таъйид нашудааст.
Нерӯҳои Русия айни ҳол дар чанд постгоҳи атрофи шаҳри стротежии Горӣ ҳамоно боқӣ мемонанд. Маскав эълом медорад, ки нерӯҳои боқимонада ҳамагӣ посдорони сулҳанд ва барои ҷилавгири аз хунрезиҳои эҳтимолӣ ва таъмини амнияти минтақаҳои ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон заруранд.
Рӯзи шанбе раисҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ, ки бо миёнҷигарии ӯ Гурҷистону Русия зери созиши сулҳ имзо гузоштанд, аз Маскав даъват намуд, то низомиёнашро аз мавқеъҳои ишғолкардаашон дар Гурҷистон берун кашад.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи раисҷумҳури Амрико Гордон Ҷондро мегӯяд: “Ташкили мавқеъҳои доимӣ ва посгоҳҳо аз ҷониби Путин бо тавофуқи 6 банди созишномаи имзошуда мувофиқат намекунад”.

Ба иттилоъи СММ, бар асари ин ҷанг дастикам 150 000 нафар сокинони Гурҷистон ва Осетияи Ҷанубӣ манзилҳои худро тарк кардаанд.
XS
SM
MD
LG