Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасдиқи оғози хурӯҷи нерӯҳои Русия


Мақомоти Гурҷистон ва нозирони аврупоӣ ба бардоштани посгоҳҳои худ аз минтақаҳои ҳоил, ё худ буферии атрофи Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон - вилоятҳои ҷудоиталаби Гурҷистон шурӯъ кардани нирӯҳои Русияро тасдиқ кардаанд.

Нирӯҳои Русия ба хурӯҷ аз минтақаҳои, ба истилоҳ, “бидуни баҳс”-и Гурҷистон шурӯъ кардаанд. Манзур аз минтақаҳои “бидуни баҳс” қаламрави асосии Гурҷистон, ба истиснои вилоятҳои ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон аст, ки худро ҳанӯз дар авоили солҳои 90-ум аз Тифлис мустақил эълон кардаанд ва ахиран истиқлолияти онҳоро Маскав ба расмият шинохт.

Сухангӯи вазорати умури дохилаи Гурҷистон Шота Утиашвилӣ гуфт, нирӯҳои русӣ як посгоҳи худ дар минтақаи ҳоили хориҷ аз қаламрави Осетияи ҷанубиро, ки дар ҷараёни низоъи низомии моҳи август ишғол карда буданд, тарк мекунанд. Шота Утиашвилӣ афзуд, ки нирӯҳои Русия ҳамчунин аз як мавқеъи дигари худ дар хориҷ аз ҳудуди Абхозистон, вилояти дуввуми ҷудоиталаби Гурҷистон хориҷ мешаванд.

Сухангӯи ҳайъати нозирони ИА дар Гурҷистон ин иқдомро ҳамчун “нахустин аломати ошкор”-и тибқи тааҳҳуди супурдааш, то рӯзи ҷумъа, 10 октябр, аз қаламрави асосии Гурҷистон комилан хориҷ шудани нирӯҳои Русия ба қалам додааст.

Ҳансёрг Ҳабер, раҳбари ҳайъати нозирони Иттиҳодияи Аврупо гуфт, нозирон омодагии нирӯҳои рус ба идомаи хуруҷ аз ин манотиқро низ мушоҳида кардаанд. Ҳабер изҳори умедворӣ кард, ки Русия бар тааҳҳудаш пурра амал карда, тибқи қарордоди оташбас то рӯзи 10 октябр ҳама нирӯҳояшро аз қаламрави Гурҷистон берун хоҳад кашид.

Хуруҷи нирӯҳои Русия аз минтақаи ҳоил, ё худ буферии атрофи ин ду вилояти ҷудоиталаб тибқи қарордоди оташбасе сурат мегирад, ки дар пайи низоъи низомии моҳи август байни Русияву Гурҷистон бо миёнҷигии ИА ҳосил шуда буд. Бар асоси ин қарордод, Русия бояд дар зарфи 10 рӯз аз замони истиқрори нозирони аврупоӣ дар минтақаҳои ҳоили атрофи Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон нирӯҳои худро аз ин манотиқ пурра берун бикашад.

Ҳудуди 200 нозири нахустин аз ҳайъати дар маҷмӯъ тақрибан 350-нафарии нозирони ИА рӯзи чоршанбеи гузашта ба фаъолияти худ дар Гурҷистон оғоз кард.

Русия ба дунбол бо забони раисиҷумҳураш Дмитрий Медведев изҳор дошт, ки нирӯҳояшро, тибқи тааҳҳуд, то рӯзи 10 октябр аз минтақаҳои ҳоил берун хоҳад бурд. Аммо Маскав гуфтааст, ки нирӯҳояшро дар ҳар ду вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон ҳифз хоҳад кард. Дар пайи эътирофи истиқлолияти он вилоятҳо, Русия ҳамчунин эълон кард, ки қасд дорад дар он ду қаламрав 7600 сарбозашро мустақар кунад.

Таҷовузи нирӯҳои Русия ба хоки Гурҷистон моҳи август дар посух ба талоши Тифлис, ки мехост бо истифода аз нирӯ Осетияи ҷанубиро дубора таҳти назорати худ биоварад, сурат гирифт ва нирӯҳои русӣ баъд аз як ҷанги кӯтоҳ чанд минтақаи аз нигоҳи стротежӣ муҳими Гурҷистон, аз ҷумла бандари Потӣ, шаҳри Сенакӣ - мақари бузургтарин пойгоҳи низомии артиши Гурҷистон ва манотиқи ҳошияи шаҳри Горӣ ва худи ин шаҳрро ишғол карданд. Нирӯҳои русӣ ба дунбол, эълон карданд, ки дар атрофи ҳар кадом аз минтақаҳои ҷудоихоҳи Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ 18 минтақаи ҳоил дуруст хоҳанд кард, то аз ҳар навъ қасди Тифлис барои ҳамлаи дубора ба ин ду сарзамин ҷилавгирӣ шавад. Аммо ба дунболи мавҷи интиқодоти шадиди байналмилалӣ Русия розӣ шуд дар пайи истиқрори нозирони аврупоӣ дар ин манотиғқи буферӣ нирӯҳои худро аз хоки Гурҷистон берун кашад. Вале тавре гуфтем, сарбозони Русия танҳо қаламрави ба истилоҳ, “бидуни баҳс”-и Гурҷистонро тарк гуфта, дар Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ хоҳанд монд.

XS
SM
MD
LG