Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиа дар ноҳияи Гармсери Афғонистон


Дар Афғонистон бар асари таркиши як бомб имрӯз ҳадди аққал 20 нафар ба ҳалокат расидаанд. Бино ба гузоришҳо, ин гурӯҳ ҳангоми рафтан ба як ҷашни арӯсӣ ба бомби канори роҳе бархӯрданд. Раҳбари идораи пулиси Ҳилманд гуфт, ин ҳодиса дар ноҳияи Гармсер ба вуқӯъ пайвастааст ва дар миёни қурбониён кӯдакону занон ҳам ҳастанд. Панҷ нафар дигар ҳам ҷароҳат бардоштаанд. Дар вилояти Ҳилманд, ки аз такягоҳҳои Толибон маҳсуб мешавад, ҳазорон нафар аз сарбозони Бритониё ва Амрико барои маҳви тундравон амалиёт анҷом медиҳанд.
XS
SM
MD
LG