Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати мухолифони Эрон ба тазоҳуроти нав


Мухолифони Эрон ба даври нави тазоҳуроти густарда дар рӯзи савганди раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод даъват кардаанд. Ин даъват дар сомона ва торнигорҳои гурӯҳҳои ислоҳталаб ба нашр расидааст. Қарор аст тазоҳуроти асосӣ дар Теҳрон дар назди бинои порлумон, маҳалли баргузории расми савганд ба вуқӯъ пайвандад. Мухолифон ҳамчунин аз идомаи муҳокимаи наздик ба 100 боздоштшудаи тазоҳуроти пасоинтихоботӣ эътироз мекунанд.
XS
SM
MD
LG