Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сомон Эйр" Тоҷикистонро бо Аврупо мепайвандад


Ширкати “Сомон Эйр” барои нахустин бор дар масири Душанбе- Франкфурти соҳили Майн (Олмон) парвоз анҷом дод. Парвоз то ба Олмон 7 соат ва аз Олмон то ба Тоҷикистон 6 соат идома кард. Аз ин ба баъд парвоз дар масири Душанбе-Франкфурти соҳили Майн ҳафтае ду рӯз – рӯзҳои чаҳоршанбе ва шанбе сурат мегирад.
Муовини аввали раиси ширкати “Сомон Эйр” Фирӯз Эшонқулов ба хабаргузории Азия плюс гуфтааст, ки ин нахустин парвози муттасили ҳавопаймоҳои ширкат аз Тоҷикистон ба Аврупост. Парвозҳо дар ин масир тавассути ҳавопаймоҳои муосири Boeing 737-800 сурат мегирад. Қимати билет аз 240 евро ба як ҷониб ва то 650 евро барои рафту баргашт муқаррар шудааст. Қимати билетҳои “бизнес класс” ба як сӯ 440 евро ва барои рафту баргашт 910 евро мебошад.
Фирӯз Эшонқулов ҳамчунин хабар додааст, ки рӯзҳои наздик раҳбарони фурудгоҳи Франкфурти соҳили Майни Олмон ва ширкати “Сомон Эйр” маросими муаррифии хатти паровзи ҷадидро доир хоҳанд кард, ки қарор аст дар он хабарнигорони ду кишвар, намояндагони ширкатҳои бузурги ҷаҳонгардӣ ва ширкатҳои дигари ҳавопаймоӣ ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG