Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба корвони мошинҳои маршал Фаҳим дар Қундуз


Имрӯз корвони мошинҳои номзад ба мақоми муовини раисиҷҳмури Афғонистон Муҳаммад Қасими Фаҳим дар вилояти Қундуз, воқеъ дар шимоли кишвар, ҳадафи тирборон қарор гирифт. Маршал Фаҳим ҳамроҳ бо раисиҷумҳури феълӣ Ҳомиди Карзай дар интихоботи президентии рӯзи 20 август ширкат мекунад. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, ба маршал Фаҳим осебе нарасидааст ва аммо як муҳофизи ӯ ҷароҳат бардоштааст. Ва аммо Толибон, ки масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтаанд, аз кушта шудани чаҳор муҳофизи номзад ба мақоми муовини раисиҷумҳур хабар додаанд.
XS
SM
MD
LG