Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 8 сарбози Бритониё дар Афғонистон


Бино ба иттилои Вазорати дифои Бритониё, тайи як шабонарӯзи ахир ҳашт сарбози бритониёӣ дар Афғонистон ҷони худро аз даст додаанд.

Аз ин теъдод панҷ сарбоз бар асари ду таркиш кушта шудааст ва се нафари дигар ҳангоми бархурд бо шӯришиёни Толибон дар вилояти Ҳилманди Афғонистон ба ҳалокат расидаанд.

Давоми ду рӯзи ахир дар ҷараёни амалиёти густардаи нерӯҳои НАТО таҳти унвони «Панҷаи паланг» алайҳи ҷангиёни Толибон дар вилояти Ҳилманд 15 сарбози бритониёӣ кушта шудаанд.

Гордон Браун, нахуствазири Бритониё, дар ин робита гуфтааст, ҳалокати сарбозон иродаи Бритониё барои шикаст додани шӯришиёни Толибон ва таъмини амният барои баргузории интихобот дар Афғонистонро халалдор нахоҳад кард.

Дар амалиёти вижаи «Панҷаи паланг» дар Ҳилманд дар баробари низомиёни бритониёӣ ҳамчунин 4 ҳазор сарбози амрикоӣ ва 650 низомии афғонистонӣ ширкат доранд.

Шумори умумии қурбониёни артиши Бритониё дар Афғонистон пас аз вуруди онҳо ба ин кишвар дар соли 2001 то ба имрӯз ба 184 нафар расидааст, ки бештар аз кушташудагони низомиёни бритониёӣ дар 6 соли амалиёт дар Ироқ гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG