Ҳилманд, ки ҳамчун яке аз ноамнтарин манотиқи Афғонистон маҳсуб мешавад, бахши аъзами хашхоши ин кишварро тавлид мекунад ва таҳти назорати Толибон қарор дорад. Дар ин амалиёт ҳазорҳо сарбозон ва нирӯҳои дарёии амрикоӣ, ҳамчунин садҳо сарбозу полиси афғон ҷалб шудаанд. Ин амалиёти муҳиме дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон маҳсуб мешавад, ки баргузории он ба 20 августи имсол таъйин шудааст.
Садҳо мошинҳои низомиву зиреҳпӯшҳо ба минтақаи ҷанубии Ҳилманди Афғонистон субҳи рӯзи панҷшанбе барои анҷоми он чи ки ҳамчун азимтарин амалиёти зиддишӯришиёни нирӯҳои дарёии амрикоӣ баъди ҷанги Виетнам қаламдод мешавад, сафарбар шуданд.
Дар ин амалиёти зери унвони "Ханҷар" ҳудудан чаҳор ҳазор сарбози нирӯҳои дарёии амрикоӣ ва 650 полису сарбози афғон ҷалб шуданд. Дар баробари низомиён ҳоло масъулияти хеле калони муқобила бо яке аз бесубот ва саркаштарин манотиқи Афғонистон қарор дорад, ки ҳатто бо истиқрори беш аз ҳашт ҳазор нирӯи бритониёӣ натавонист ба эътидол ояд.
Ҷулиан Линдли-Френч, профессори улуми амалиёти сиёсӣ дар Фарҳангистони низомии шоҳигарии Нидерланл, таҳаввулоти ахири Ҳилмандро аз наздик мушоҳида мекунад. Вай дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки талошҳои гузашта барои таъмини амният дар минтақа бенатиҷа анҷомидааст, чунки ба гуфтаи ӯ, дар ин қаламрав ҳузури низомиён нокофӣ будааст.
Вай гуфт, «ҳоло бо пайвастани нирӯҳои иловагии амрикоӣ ин як артиши воқеии қобили эътимод шудааст, ки шонси амнтар кардани ин маҳал ва ба роҳ мондани корҳои барқарорсозиро боло мебарад. Фармондеҳи ISAF ё нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистон ва нирӯҳои амрикоӣ генерал Стейнли МакКристал комилан ҳақ буд, вақте мегуфт, ки мардум ҳоло дар як макони хеле муҳим ҷойгир шудаанд. Онҳо калиди муваффақияти тамоми стртатегияи эътилоф ҳастанд. Ҳоло бо тақвияти нирӯҳо дар Ҳилманд як шонси воқеии пешравӣ ба даст омадааст".
Амалиёти Ҳилманд аввалин чунин як таҳоҷуми густардаи нирӯҳои дарёӣ дар Афғонистон баъди ирсоли нирӯҳои иловагии 21-ҳазорнафара бо як амри Барак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико мебошад.
Фармондеҳони амрикоӣ мегӯянд, ки макони аслии таҷаммӯи Толибон манотиқи Наво ва Гармшер аст. Аммо оё тафовути "Ханҷар" аз амалиёти низомии гузашта дар чист?
Генерал Ларрӣ Николсон, фармондеҳи нирӯҳо дар Ҳилманд, гуфт, ки тафовути амалиёти мазкур дар бесобиқа зиёд будани нирӯҳои таҳоҷумӣ ва суръати анҷоми он аст ва инчунин дар он ки, ба гуфтаи генерал, "ҳар куҷое ин нирӯҳо бираванд, он ҷо мемонанд ва корро дар самти тавсеаи амният ва интиқоли масъулияти таъмини амният ба худи афғонҳо" идома медиҳанд.
Раиси волии Ҳилманд Гулоб Мангал аз шурӯи амалиёт истиқбол кард ва гуфт, ки дар ҳамин фурсат артиши Афғонистон бо ташкили пойгоҳҳои вижа амнияти мардуми маҳаллиро таъмин хоҳанд кард.
Вай дар сӯҳбат бо радиои Афғонистони Озод гуфт, "замоне, ки амалиёт хотима меёбаду Толибону дигар мухолифони мусаллаҳ тоза мешаванд, артиш ва полиси миллии Афғонистон дар он ҷо мустақар хоҳанд шуд. Ва онҳо аз кӯмаки ISAF бархӯрдор мешаванду мо онҳоро барои абад ҳимоят карда метавонем. Ин хеле муҳим аст. Чизи муҳими дигар ин аст, ки мо барои ин манотиқ барномаҳои барқарорсозӣ таҳия кардаем".
Донишманди улуми низомӣ Линдлӣ-Френч инчунин тахмин зад, ки як ҳадафи дигари амалиёт ба Толибони Покистон низ иртибот мегирад. Ҳоло артиши Покистон дар манотиқи паштунишини ҳаммарз бо Афғонистон домани амалиёти зиддитолибонро густариш медиҳад.
Вай гуфт, "ҳадафи аввалиндараҷаи амалиёт фишороварӣ болои Толибон дар ҳарду тарафи марзи Афғонистону Покистон аст. Мусаллам аст, ки ҳоло Покистон таҳоҷуми худро дар водии Своти Вазиристон вусъат мебахшад. Ҳадафи аслӣ ин аст, ки хати иртиботи миёни Толибонро хароб карда аз вуруди онҳо бо чунин як суръати зуд аз самти ҷануб ҷилавгирӣ шавад. Ҳадафҳои аввалия боз такмил хоҳанд шуд. Ин оғози як марҳилаи хеле муҳими пешазинтихоботӣ ва баъдиинтихоботӣ дар Афғонистон аст, аз ин рӯ, ин амалиёт бояд дар чаҳорчӯби фарогири стратегияи сиёсиву минтақаӣ арзёбӣ шавад".
Бар асоси хабарҳои ахир аз Покистон, артиши ин кишвар дар хати марз бо Афғонистон ба хотири ҷилавгирӣ аз убури Толибоне, ки аз амалиёти амрикоиҳо фирор мекунанд, мустақар шудаанд.