Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли вуруди ситезаҷӯён ба Қирғизистон


Марзи Қирғизистон дар вилояти Бодканд
Марзи Қирғизистон дар вилояти Бодканд

Дар Қирғизистон ҳарчи бештар аз эҳтимоли вуруди гурӯҳҳои тундрави исломӣ ба ин кишвар ва ноором шудани авзоъ изҳори нигаронӣ мекунанд.

Малик Қодиров, раҳбари маркази таҳқиқотии «Дин, ҳуқуқ ва сиёсат», рӯзи панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфт, ки амалиёти густардаи низомӣ алайҳи гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар қаламрави Афғонистон ва Покистон онҳоро маҷбур хоҳад кард, ки барои идомаи фаъолият ба минтақаҳои дигар роҳ ёбанд.

Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳҳои радикалӣ маҳз дар водии Фарғона, ки аксарияти сокинони он дар фақр ба сар мебаранд, барои худ паноҳгоҳ пайдо хоҳанд кард ва ҷануби Қирғизистон, ки гирифтори бӯҳрони шадиди иҷтимоиву иқтисодӣ, камсаводӣ, бекорӣ ва муфлисист айни чунин минтақа аст.

Маликов мегӯяд, мақомоти идорӣ аз мулоқоти ошкоро бо мусалмонони кишвараш худдорӣ меварзанд ва ин дар ҳолест, ки маҳз мусулмонони мӯътадил тавони онро дорад, ки талошҳои ҳукуматро дар мубориза алайҳи тундгароёни исломӣ ва нерӯҳои дигари беруна тақвият бахшанд.

Охири моҳи гузашта дар ноҳияи Ӯзгани вилояти Ӯш чор силоҳбадаст дар натиҷаи як амалиёти кормандони идораҳои амниятиву интизомӣ маҳв карда шуд. Ҳамчунин дар ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолобод зимни муқовимати мусаллаҳона панҷ террорист кушта шуд ва як корманди умури интизомӣ ба ҳалокат расид. Ба гуфтаи мақомоти идораҳои амниятии қирғиз ҳамаи силоҳбадастон марбути шабакаи байналмилалии террористӣ буданд.

Ин дар ҳолест ки тобистони соли 1999 як гурӯҳи калони ҷунбиши исломии Ӯзбекистон аз Тоҷикистон вориди марзи Қирғизистон шуда буд. Онҳо як генерали қирғиз, раиси ҳукумати ноҳияи Ботканд ва чанд муҳаққиқони ҷопониро ба асорат дароварданд, ки дар ивази дусаду панҷоҳ ҳазор доллари амрикоӣ аз асоарт раҳо гардиданд.

Соли 2000-ум гурӯҳҳои тундрави исломӣ аз Тоҷикистон ба ноҳияи Узун ва Сариосиёи вилояти Сурхондарё, воқеъ дар ҷануби Ӯзбакистон, ворид шуданд ва авзоъи ин минтақаро ба ташаннуҷ рӯбарӯ намуданд. Баъди чанд ҳафта як гурӯҳи дигари силоҳбадастон аз тариқи ноҳияи Ашти вилояти Суғди Тоҷикистон вориди қаламрави Ӯзбекистон шуд. Ин гурӯҳ аз 15 нафар иборат буд, ки дар ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд аз тарафи нерӯҳои зудамал саркӯб карда шуд.

Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон иттилоъ дод, ки рӯзи панҷшанбе боз як ситезаҷӯ боздошт шуд. Бино бар ин манбаъ, вай шаҳрванди Қазоқистон аст, ки саропо мусаллаҳ буда, бо супориши махсус вориди марзи Қирғизистон шудааст.

Дафтари матбуоти Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, террористе, ки боздошт шуд, қасд доштааст, барои ба Қирғизистон интиқол додани аъзои шабакаи террористӣ ҷой омода созад ва ба хотири афзоиши сафи ин шабака ҷавонони қирғизро ҷалб намояд.
XS
SM
MD
LG