Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи Шинҷон ҷаҳонро нигарон кардааст


Нооромиҳои вилояти Шинҷони Чин дар ҳафтаи гузашта бори дигар сиёсати бархӯрд бо аққалиятҳои миллии Пекинро зери суол бурд.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch бо нашри изҳороте аз раисиҷумҳури Чин даъват кардааст, ки вуҷуди норизоиятҳоро дар ҷомеааш эътироф карда, шиддати танишҳоро коҳиш диҳад. Ин созмон машварат медиҳад, ки Ҳу Ҷинтао бояд ба гузашта салавот гуфта, норизоиятҳои уйғурҳоро эътироф кунад.

Вале ахиран маълум шуд, ки президент Ҳу Ҷинтао ва дигар раҳбарони ҳукумати Чин таҳдид карданд, ки масъулину дастандаркорони ошӯбҳои ахирро бо шадидтарин шева муҷозот хоҳанд кард. Дар хиёбонҳои Урумчӣ ҳазорҳо нирӯҳои иловагӣ мустақар шуда назорати вазъ пурра таҳти назари артиш ва полис гузаштааст.

Алорағми танқидҳои ҳамешагии гурӯҳҳои ҳуқуқи башар аз поймолшавии ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ дар Чин, ба вижа дар нисбати уйғурҳо, ки тибқи ҳисобҳо 8 миллион нафарро ташкил медиҳанд, мақомоти Пекин ҳеҷ гоҳ вуҷуди ингуна азияту озори қавмиро эътироф накардаанд.

Алорағми танқидҳои ҳамешагии гурӯҳҳои ҳуқуқи башар аз поймолшавии ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ дар Чин, ба вижа нисбати уйғурҳо, ки тибқи ҳисобҳо 8 миллион нафарро ташкил медиҳанд, мақомоти Пекин ҳеҷ гоҳ вуҷуди ин гуна азияту озори қавмиро эътироф накардаанд...
Дар бархе гузоришҳои гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ба маҳдудиятҳои шадиди забониву мазҳабӣ, фарҳангиву сиёсӣ, маърифативу иқтисодии уйғурҳо таъкид мешавад. Вале масъала ин аст, ки аз назари бисёриҳо ошӯбҳои ахири Чин бори дигар сиёсати иштибоҳии бархӯрд бо аққалиятҳои миллии Пекинро зери суол бурдааст.

Бред Адамс як мутахассиси масоили Чин дар назди созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар Бритониё аст. Вай мегӯяд, дар шароите, ки худи режими Чин аз арзишҳои демократӣ фарсахҳо дур аст, ҳоло ҳам фурсат аст, ки ин сиёсат бознигарӣ шавад.

Вай дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз Лондон гуфт, "ба назари ман ҳоло суол ин аст, ки то куҷо онҳо ба он андоза боҳушанд, ки як қадам қафо гузошта эътироф кунанд, ки ҳосили ин сиёсати онҳо хашму норизоияти шадиди мардум дар Урумчӣ буд, ки ба эътирозҳо бадал шуд. Ва ба хотири бартарафсозии ҳамин ноқаноатмандиҳои мардум ин корро бояд кард. Ман умедворам, ки ҳукумати Чин хуб дарк мекунад, ки як мушкили ҷиддӣ эҷод кардаасту бояд роҳҳали онро ҷӯё шавад".

Ба унвони мисол гузоришҳои фаъолони ҳуқуқи башар ба сиёсати тангкунии ҷои зисту кори уйғурҳо, пешбурди сиёсати ассемилятсияи ин мардум бо чиноиҳои кишвар ишора мекунанд, ки ба таври фаровон мушоҳида мешавад.

Дидбони ҳуқуқи башар ба унвони мисол аз вуҷуди ингуна тангкуниву маҳдудиятҳо дар сатҳи маишӣ дар гузориши порсолааш чунин мисол меорад, ки мақомот дар моҳи Рамазон ба коргарону донишҷӯён рӯзадориро манъ карда полис шиносномаҳои мусалмононеро, ки барои адои ҳаҷ раводид мегиранд, мусодира мекунад.

Аз назари коршиносон ингуна бархӯрд нисбати аққалиятҳои дигари миллӣ ҳам раво дида мешавад ва ошӯбҳои порсолаи Тибет далели хуби ин гуфтаҳост. Бо эътимод ба нирӯи ин ки миллати бумии ҳон яъне ҳамони чиноиҳо аз як миллиард нафар зиёд асту ҳама дигар қавму миллатҳои хурдро дар худ таҷзия хоҳад кард, сиёсати иҷборан водор ба итоат кардани ин мардум кор мегирад.

Бред Адам ҳам мегӯяд, "ин айнан ҳамон чизест, ки мардуми Шинҷон, Тибет, Муғулистон аз он ташвиш доранд. Онҳо метарсанд, ки забон, фарҳанг ва оинҳои худро аз даст медиҳанд, чунки муҳоҷирати чиноиҳо ҳамоно идома дорад. Аммо ин боиси эҷоди ҳамон бомбае мешавад, ки рӯзе ҳатман мунфаҷир хоҳад шуд. Ва ҳукумат бояд аз ҳоло андеша кунад, ки чӣ ҳодисаҳое мегузараду чаро ин тавр мешавад. Ва ин ҳодисаҳо ҳамингуна идома хоҳанд кард. Ҳатто агар ҳам бас шуд, танҳо ба хотири ин ки ҳукумат артишу полисро ба унвони нирӯи ишғолгар ба минтақа сафарбар мекунад. Аммо ин илоҷи кор ба хотири дастёбӣ ба эътидол ва риояи ҳуқуқи инсон нест".

Бар асари бархурди низомиёни Чин бо эътирозгарони уйғур тайи рӯзҳои ахир беш аз 150 нафар кушта ва садҳо нафари дигар захмӣ шудаанд
Созмони Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, мушаххас аст, ки дар хушунатҳои ахири Шинҷон ҳам уйғурҳо ва ҳам худи чиноиҳо даст доштанд. Софӣ Ричардсон, як гузоришгари ин созмон мегӯяд, ки агар ҳукумати Чин сиёсати саркӯбгаронаи худро дар заминаи эҷоди як фазои хафакунандаи норизоияту ноқаноатмандиҳо эътироф накунад, дар оянда хушунатҳои бештар метавонад буруз кунад.

Рӯзи 5 июл уйғурҳои маҳаллӣ дар хиёбонҳои шаҳри марказии Шинҷон - Урумчӣ қадам зада зидди сиёсати тавҳиномези ҳукумати Чин эътироз карданд. Ва мушаххасан маълум нест, ки дар кадом лаҳза ин эътирозҳо ба хушунат гаравиду нирӯҳои амниятӣ чӣ миқдор уйғурҳо ва худи уйғурҳо чӣ теъдод чиноиҳоро ба ҳалокат расонданд.

Фақат рӯзи 6 июл мақомоти Чин гузориш доданд, ки дар ин ҳаводис 156 нафар кушта ва 800 тан захмӣ шуданд. Ин дар ҳолест, ки гурӯҳҳои мудофеи ҳуқуқи башар ва созмонҳои уйғурҳо дар хориҷа мегӯянд, ки мақомоти ҳукумати коммунистӣ шумори қурбониҳоро аз ҷониби уйғурҳо махсусан кам нишон медиҳанд. Созмонҳои уйғурҳо дар Аврупо бовар доранд, ки то имрӯз дар ин рӯйдодҳо садҳо уйғурҳо кушта шуданд.

Мақомоти Чин ангушти иттиҳомро ба сӯи созмонҳои хориҷии уйғурҳо, аз ҷумла Конгресси уйғурҳои ҷаҳон ва раҳбари он Робия Қодир баланд карданд, ки гӯё дар паси ин ошӯбҳо қарор доранд.

Вале дар сӯҳбати ахираш бо Ройтерс худи хонум Қодир аз Вашингтон ин иддаҳои ҳукуматро рад кард ва гуфт, "ин иттиҳомот ҳама дурӯғ аст. Ин ҳама ба ман аслан робита надорад. Решаи мушкил дар сиёсати шадидлаҳни чиноиҳо аст, ки аз ҷониби котиби ҳизби коммунист ва раҳбари ин кишвар бор шудааст. Суркӯбгарии башиддати чиноиҳо дар минтақа дар тӯли даҳсолаҳо фазои хеле пуртанише эҷод кардааст ва хонаводаҳои бисёри уйғуртаборҳо, шавҳарҳову писарҳои онҳо аз ҷониби мақомоти Чин боздошт шуданд. Ва бидуни шак онҳо аз ҳукумати чиноиҳо хушнуд нестанд". Хонум Қодир ҳарду ҷониби вориди низоъро ба суботу хештандорӣ даъват кард.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, ки дар сурати тағйир наёфтани рафтори мақомоти Чин дар нисбати аққалиятҳои миллӣ, ба вижа масъалаи уйғурҳо, Комиссари СММ дар умури ҳуқуқи башар бояд комиссиюни вижаро барои таҳқиқи эътирозҳову рӯйдодҳои баъди он ташкил кунад.

То имрӯз ба таври ҷудогона иқдоми мақомоти Чинро бархе раҳбарони давлатҳо, дабири кулли СММ, Иттиҳодияи Аврупо ва баъзе раҳбарони давлатҳои мусалмониву туркзабони мисли Туркия маҳкум кардаанд. Аммо дар нишасти қудратҳои иқтисодии мавсум ба G-8 дар Итолиё, ки зимнан ба хотири ҳамин ошӯбҳо раиси ҷумҳурии Чин дар кори он иштирок накарда сафарашро ба Итолиё зуд қатъ кард, раҳбарони ҷавон натавонистанд барои қабули изҳороти муштараки танқидкунандаи Чин дар ин ошӯбҳо мувофиқа кунанд.

Бред Адам аз Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, ки ба эҳтимоли қавӣ ҳамкориҳои зичу ноилоҷи иқтисодиву тиҷоратӣ ва вобастагиҳои сиёсии ин кишварҳо аз Чин сабаби мӯҳр ба лаб задани онҳо дар ингуна ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ мешавад. "Ранҷиши порсолаи Чин аз Олмон барои пазироии раҳбари рӯҳонии Тибет Далай Лама" далели ин гуфтаҳост. Вай гуфт ҳоло агар Чин вуҷуди мушкилоти ҷиддӣ дар ин заминаро эътироф карда ба иқдоме даст занад, мешавад як оғози тозаи нисбиро интизор шуд.
XS
SM
MD
LG