Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши низомиёни Чин дар Урумчӣ


Тибқи хабарҳо аз Чин, ҳазорон сарбоз ва нерӯҳои пулиси мусаллаҳ кӯчаҳои Урумчӣ - маркази вилояти Шинҷонро посдорӣ мекунанд.

Ин нерӯҳоро ба Урумчӣ ба думболи сарзадани ошубҳои байниқавмӣ ҳукумати Чин фиристодааст. Гуфта мешавад, дар задухурдҳои хиёбонӣ 156 нафар кушта ва беш аз ҳазор нафар маҷруҳ шуд. Мақомоти Чин иттилоъ доданд, ки беш аз як ҳазору чорсад нафарро боздошт кардаанд.

Хабаргузории олмонии “Дэ Пэ А нюс” суханони Долкун Исо, дабири кулли Анҷумани ҷаҳонии уйғурҳоро иқтибос овардааст, ки гуфт, теъдоди уйғурони кушташуда аз 600 то 800 нафарро ташкил медиҳад. Исо, ки ин иттилоъро тавассути телефон аз Урумчӣ ба даст овардааст афзуд, ки аксарияти қурбониён аз дасти издиҳоми ба хашм омадаи намояндагони қавми ҳанни Чин ба ҳалокат расидаанд.

Дабири кулли Анҷумани ҷаҳонии уйғурҳо гуфтааст, ки теъдоди уйғурҳои кушташуда аз 600 то 800 нафарро ташкил медиҳад...
Дигар мақомдори Анҷуман Асғар Хон зимни як нишасти матбуотӣ дар Мюнхен ҳушдор дод, ки ҳукумат ҳангоми посух ба ҳодисаҳои охир бояд аз эҳтиёт кор бигирад. Вай гуфт, “агар ҳукумат ба худ наояду ба саркӯбкуниҳо бо истифода аз нерӯ идома диҳад, имкон дорад, ки доманаи нооромиҳо тавсеа ёбад.”

Дар суханрониаш дар Урумчӣ вазири умури оммаи Чин Менг Ҷанжу дар хушунатҳо ҷудоиталабони уйғуриро муттаҳам намуда, аз нерӯҳои интизомӣ даъват кард, назоратро суст накунанд.

Вай гуфт, “ҳамаи шумо медонед, ки ин ҳодиса аз ҷониби ашхосе ангезиш дода шудааст, ки мехоҳанд, низоъро ба амал оранд ва ин ҳодиса решаҳои амиқи сиёсӣ дорад. Ин низоъ миёни нерӯҳои ҷудоиталаб ва зидди ҷудоиталаб аст ва ин муборизаи идомадори сиёсист.”

Ин дар ҳолест, ки раиси ҳизби комунистии Урумчӣ гуфтааст, ки ҳукумат тарҳрезони ошубҳоро ба марг маҳкум хоҳад кард. Ли Жи афзуд, ки нафароне зиёде, ки дар куштор айбдор мешаванд, аллакай боздошт гаштаанд ва аксарияташон донишҷӯён мебошанд.

Тибқи иттилои хабрагузории Франс пресс, хушунатҳо дирӯз ҳам идома доштанд. Ҳамин тавр гурӯҳи намояндагони қавми ҳан ба ду уйғури мусалмон ҳамла оварданд. Хабаргузорӣ мегӯяд полис кӯшиш мекард, ҷамъомади чандсаднафарии қавмияти ҳанро пароканда кунад.

Тибқи хабарҳои матбуоти расмӣ, аксарияти мағозаҳову дӯконҳо дарҳояшнро бастанд. Ва ин дар ҳолест ки дар Урумчӣ ва ҳадди ақал боз ду шаҳри дигарӣ вилоят дастрасӣ ба шабакаи интернет қатъ шудааст.

Мақомоти Чин дар сарзадани ошубҳо нерӯҳои беруна, аз ҷумла Анҷумани ҷаҳонии уйғурҳоро айбдор мекунанд. Ва аммо раиси Анҷуман Робия Қодир, ки дар Амрико ба сар мебарад, ин иттиҳомотро рад кард.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳодисаҳои Урумчӣ аллакай вокуниш нишон дод. Нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки ҳукуматаш хабарҳо дар бораи хушунатҳо алайҳи уйғурҳои туркзабони мусалмон бо нигаронӣ ва таассуф бодиққат пайгирӣ мекунад. Ердуғон аз Чин даъват кард, масъулони хушунатҳоро ҷазои қонунӣ диҳад.

Иттиҳодияи Аврупо ҳамаи ҷонибҳои даргирро ба хештандорӣ даъват намуда, хостори хотимаи мусолиҳатомези ошубҳо шудааст. Иттиҳодия инчунин хост, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандии боздоштшудагон бояд эҳтиром шавад. Вазири умури хориҷаи Амрико Ҳилари Клинтон ин даъватҳоро такрор намуд.

Интизор меравад Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, мавзуи ошубҳои Урумчиро дар ҳамоиши кишварҳои пешрафтаи саноатии ҷаҳон матраҳ кунад. Ин дар ҳолест, ки вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки хушунатҳои Шинҷон кори дохилии Чин мебошад.
XS
SM
MD
LG