Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин барои нооромиҳо эъдом эълон мекунад


Лӣ Жӣ-раҳбари кумунистҳои Урумчии Чин гуфтааст, ҳар касе, ки барои қатли 156 нафар дар нооромиҳои Урумчии вилояти Шинҷон муттаҳам дониста мешавад, ба муҷозоти эъдом маҳкум хоҳад шуд. Лӣ Жӣ ин нуктаро дар як нишасти хабарӣ дар Урумчӣ изҳор дошт ва гуфт, ҳоло вазъ дар Урумчӣ зери контол аст. Ба сабаби нооромиҳо дар Урумчӣ Ҳу Ҷинтао-раиси ҷумҳури Чин аз ширкат дар мулоқоти Ҷӣ-8 дар Италия худдорӣ кард. Аҳмет Довутуғлӣ-вазири умури хориҷаи Туркия аз Чин даъват кард, ки дар бархурд бо нооромиҳо хештандорӣ нишон диҳад. Вай афзуд, Туркия нисбат ба уйғурҳои ин минтақа бетарф буда наметавонад.
XS
SM
MD
LG