Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи "online" бо Садриддини Наҷмиддин


Tajik - Sadriddin, prominent Tajik singer - 10July2009
Tajik - Sadriddin, prominent Tajik singer - 10July2009

Мулоқоти интернетии хонандагони мо бо овозхони саршиноси тоҷик Садриддини Наҷмиддин бо беҳтарин орзуҳо ба поён расид.

Даҳҳо нафар дар ин гуфтугӯи "online" ба Садриддини Наҷмиддин саволҳои гуногун доданд ва ба пурсишҳои худ посух гирифтанд.

Матни пурраи ин гуфтугӯ зери ҳамин ҷумлаи сабз аст.

Муаллиф ва сарояндаи даҳҳо таронаи марғуб Садриддини Наҷмиддин ду соли охир дар Амрико ба сар бурд ва суруду видеоклипҳои нави худро якҷо бо коргардону оҳангсозони маъруфи эронии муқими Калифорния омода намуд.

Садриддин акнун ба Тоҷикистон баргашт ва барномаҳои наверо оғоз кард. Бо чунин таҷриба, бовар дорем, ки Садриддини Наҷмиддин метавонад, вазъи мусиқии рӯз, шароити бозору тиҷорати ин мусиқӣ, равишҳои тозаи он ва муқоисаи мусиқии имрӯзаи тоҷик бо хориҷро хуб шарҳ диҳад.
XS
SM
MD
LG