Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи "он-лайн" бо эътирозгарон


Зуҳуршоҳ Раҳматуллоев аз чап ва Эраҷ Саодатсайров аз рост.
Зуҳуршоҳ Раҳматуллоев аз чап ва Эраҷ Саодатсайров аз рост.

Аз ҳамаи хонандагони сомонаи радиои "Озодӣ" даъват мекунем, дар гуфтугӯи мустақим бо созмондиҳандагони тазоҳуроти Лондон ширкат кунанд.

Рӯзи 10-уми июн гурӯҳе дар донишҷӯёни тоҷик ва дӯстони онҳо дар рӯбарӯи сафорати Русия дар Лондон зидди хушунату зӯроварӣ ва беҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва ҳамчунин намояндагони мардумони Осиёи Марказӣ ва Қафқоз даст ба тазоҳурот заданд. Бо сабаби он ки ба думболи ин рӯйдод хонандагони зиёде изҳори назар карданд ва ҳамчунин саволҳои зиёде ба миён гузоштанд, тасмим гирифтем, Зуҳуршоҳ Раҳматуллоев ва Эраҷ Саодатсайровро ба гуфтугӯи мустақими рӯйи хат бо хонандагон даъват кунем. Онҳо розигӣ доданд, акнун навбат ба Шумо. Лутфан, саволу дархостҳои худро бо фишор додан ба ин ҷумлаи сабз ба онҳо равон кунед.
Гуфтугӯи ошкоро бо ташкилкунандагони тазоҳурот дар Лондон
XS
SM
MD
LG