Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Баҳс

Гуфтугӯи ошкоро бо ташкилкунандагони тазоҳурот дар Лондон

12.06.2009

Ду тан аз созмондиҳандагони тазоҳуроти донишҷӯёни тоҷик дар Лондон, ки дар он аз вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва афзоиши бегонаситезӣ дар ин кишвар изҳори нигаронӣ шуда, мақомоти давлати Русия ва ҷомеаи он ба мубориза зидди фашизми навбаромад даъват шуданд, Зуҳуршоҳ Раҳматуллоев ва Эраҷ Саодатсайров, изҳори омодагӣ карданд, ки ба пурсишҳои хонандагони сомона посух диҳанд. Шумо ба онҳо чӣ савол доред?

Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 6
Ном: abdurahmon аз: saudi
12.06.2009 21:29
asalamu alikum hamvatanoni aziz oyo hamrohi shumo javonon az digar jumhurihoi sobik shuravi yo az hudi rusiya budand yo na ?
Дар посух

Ном: Эраҷ Саодатсайров
12.06.2009 21:29
Дустони гироми ман шахсан аз фикрхоятон дар сухбатхо, саволхои пардарпайатон ва албатта вактатон барои иштирокатон дар баъсхо миннатдорам. Дар посух ба саволхои шумо ман ду чизро аз шумо хохиш менамоям, ки хуб дар назар дошта бошед! Аввалан, таъкид мекунам ки андешахои мо оиди хар як саволи шумо мутлак ё конкрети нест. Зеро хар як саволро метавон аз хар дидгохе шарх дод. Дуввум, хохиш мекунам ки чавобхои моро хатман бо максадхои тазохуроти мо дар Лондон алокаманд созед. Ман фикр мекунам бе донистани максадхои тазохурот шумо наметавонед чавоби дилхохатонро ба саволхоятон дарёфт кунед.

Дар тахозурот на танхо донишчуёни аз Точикистон балки аз Америка, Фаронса, Британя, Хинду-Покистон, Эрону Афгонистон ширкат варзиданд. Онхо максадхои моро арзиши-инсони шуморида бо мо дар назди сафорати Руссия дар Лондон саф кашида бехатарии мухочирон ва волоияти конунро дар Руссия талаб карданд. Барои ташкили чунин тазохуроти хачман хурд пули каме барои хариди плакатхо сарф шуду халос. Донишчуёни тамоми донишгохои Лондон дар ин рох ба мо кумак карданд ва мо аз онхо хело миннатдорем.

Ном: Solim аз: Moskva
13.06.2009 04:08
Man tarafdori on hastam ki insonho boyad az hukuki khud va digaron pushtiboni kunand va man mekhostam donam charo in korro shumo barvaktar nakraded zero kushtori insonho chand sol boz, pas az posh khurdani shuravi ogoz shud? Chi boyad kard ki peshi rohi in kushtorho da Rusiya girifta shavad?
Tashakur!
Дар посух

Ном: Эраҷ Саодатсайров
13.06.2009 04:08
Ба акидаи ман тазохурот алайхи куштори инсонхо аз тарафи миллатгароён дар Руссия бояд барвактар огоз мешуд ва шояд шумораи куштори мухочирони Точик то ба 300 нафар намерасид. Шумо албатта бо ман рози хастед ки ташкили чунин тазохуротхо кори осон нест ва чун гап сари куштори инсонхо ва дифои хукуки онхо меравад ин чоиз нест дар бораи худнамои андешем. Дар давлатхои демократии дунё аз чумла Британя шахрвандон ва дигар мардумон барои ба амал баровардани хукукхояшон хар руз гирдихамои, тазохурот ва дигар чорабинихоро анчом медиханд. Ман шахсан фикр намекунам ки бо баланд кардани садо оиди ягон масъалаи сиёси онхо худнамои карда бошанд.

Ном: Garib
13.06.2009 08:12
Salom! Barodho fikraton bisyor fikri khubu agar, ki hamin korro dar khudi Tojikiston dar nazdi binoi saforatkhona anjom medoded ba fikram, ki khubtar meshud yo, ki 1 qator donishjuyonro ham az osiyoi markazi hamrohi khud jam' mekarded . . . Ba har hol tashakkur, ki to 1 andoza gamkhorii mardumro mekuned . .. .
Дар посух

Ном: Зуҳуршоҳ Раҳматуллоев
13.06.2009 08:12
Аввалан, дар Тоҷикистон бояд ичозат гирифт ва маълум нест, иҷозат мешавад ё не. Дувумаш, шояд ҳоло мо барои ин пурра омода нестем. Бале, дар тазоҳуроти мо дар Лондон намояндагони Осиёи марказӣ ҳам буданд.

ПОСУХИ ЭРАҶ

Ташкили тазохуротхо дар Руссия ва ё Точикистон имконият дорад агар максадхо ва раванди тазохуротхо мукобили сарконуни хар ду кишвар набошад. Тамоми тазохуротхо дар дохили чахорчубаи сарконуни Чумхурии Точикистон бояд амали гарданд ва бояд нафъи як гурухи мардумро дар назар надошта бошад, балки дар рушди хаёти сиёсии кишвар накши мусбат бозанд.

Ном: Абдурахмон аз: Рогун
13.06.2009 10:56
Баъзехо бар он назаранд,шуморо касе маблаггузори кардааст. Шумо агар дар Точикистон бошед омода хастед то дар назди сафоратхонаи Руссия дар Точикистон тазохурот намойд.
Дар посух

Ном: Зуҳуршоҳ Раҳматуллоев
13.06.2009 10:56
Ин гапи нодуруст аст. Хар руз дар Лондон тазоҳурот мешавад ва ин як чизи одӣ аст. Моро касе маблағгузорӣ накардааст. Мо аз руи виждони худамон ба майлдон омадем.

Ном: H.Sayfullohzoda аз: Dushanbe
13.06.2009 12:13
Дуруд ба шумо дустони эхёгари сангари эътироз, вале мутаасифона дар хоричи кишвар. Ба хар хол иникдоми Шумо кобили эхтиром ва дастгирист. Чунки ин чо хадаф дифоъ аз хайсият ва хуввияти миллат аст. Ба хусус дар он мархалае, ки бисёре аз рушанфикрон ва масъулини кишвар дар ин маврид бештар хомуширо афзал медонанд.
Вале банда ба хар хол саволе дорам, ки чаро чавонони точики мукими дигар кишвархои Аврупо ба икдоми Шумо хамовози накарданд? Оё ин чо кадом манфиатхохии доирахои гарби чоё надорад? Хохиш мекунам, харфи манро дуруст кабул кунед ва чавоби шаффоф ирсол бидоред.
Ба хамгони Шумо тавфик хохонам
Дар посух

Ном: Зуҳуршоҳ Раҳматуллоев
13.06.2009 12:13
Ҷои афсӯс аст, ки мо донишҷӯён дар Аврупо ҳанӯз бо ҳам равобити наздик надорем, аммо баъзе аз онҳо изҳори ташаккур карданд. На. Ягон хел манфиати кишварҳои ғарбӣ ин ҷо ҷой надорад.

Ном: muhammad аз: iron
13.06.2009 13:01
bo arzi salom
shumo az inguna jinoyatho chi pande megired va ba tojikoni khud chi nasihathoe dored?
oyo nameshavad tojikonro tashviq kunem to tojikistoni khudro obod kunand?
tashakur az dastandarkoroni in musohaba
Дар посух

Ном: Зуҳуршоҳ
13.06.2009 13:01
Ҳама чизе ки ба сари ҳамватанонамон дар Русия меояд, аз дили мо мегузарад. Насиҳат ҳамин ки сарбаланду обод бошанд, ҳуқуқи худро бишиносанд, вале фаромӯш накунанд, ки дар ҳар куҷо ки бошанд, оинаи миллатан ва номи миллати худро ҳифз кунанд. Албатта, беҳтар аст, ки онҳо ба Тоҷикистон баргардандду кишварро обод кунанд. аммо аброи ин шароит зарур аст.

Ном: Islamist аз: Dushanbe
13.06.2009 15:49
Ofarin, dustoni ozod.
Pesh az hama, in dustonamro baroi in kori be-sobiqaashon tabrik meguyam va duo mekunam hamesha dustdori haqiqatu dar-bari mazlumin boshand.
Xelo xub meshud, ba aqidai banda, ki misli hamin xel tazohurot dar kishwari tojikon (Tojikiston) ham ba wuqu' mepaiwast. Va sababi nashudanash dar Tojikiston ba hama ma'lumast.
Oyo agar ba Tojikiston bioyand azm dorand ki hamin naw' tazohurotro dar Dushanbe barpo kunand va digar donish-juyoni tojik dar donish-gohhoi tojikiston sharikashon shawand? Yo ki boyad tazohurot faqat dar beruni kishwar shawad?
Дар посух

Ном: Зуҳуршоҳ Раҳматуллоев
13.06.2009 15:49
Агар ҳукумати Тоҷикистон иҷозат медод ва агар аз рӯи қонун имконпазир бошад, ба назӯари мо ин ягон кори баде нест, зеро мақсади он бадӣ намебошад.

Ном: Ilhom аз: Istaravshan
13.06.2009 16:08
Салом.Суоли банда ин аст ки чаро донишчуене ки дар дохили кишвар хастанд, ба хеч тазохуроте даст намезананд? Мо хам замоне донишчу будем, ва ба мйдонхои "Щзоди ва "Шахидон рафта будем ва фаъол хам будем. Аммо донишчуени имрузи хунгарм нестанд, зро ки бо аксари онхо бо пул барои халос шудан аз хизмати харби ба донишгох рафтаанд. агар тарсу намебуданд, ба хизмат мерафтанд.
Дар посух

Ном: Зуҳуршоҳ Раҳматуллоев
13.06.2009 16:08
Сабаби бетаваҷҷӯҳии ҷавонон дар он аст, ки давлати мо худ ҷавон аст ва вақти муайян даркор аст, ки ҷавонон ба равандҳои сиёсӣ, муколама ва фарҳанги сиёсӣ ҳамроҳ шаванд. Ин чиз дар оянда мумкин хоҳад шуд.

Ном: Safo аз: Ney York
13.06.2009 16:25
Шумо бовари доред ки тазохурот ягон натича медихад
Дар посух

Ном: Зуҳуршоҳ Раҳматуллоев
13.06.2009 16:25
Ин иқдом албатта бенатиҷа нест. Шояд натиҷаи фаврӣ надошта бошад, вале бетаъсир нахоҳад буд. Яке аз ҳадафҳои роҳандозии он пеш аз ҳама муроҷиат ба худи мардуми мо буд, ки дар ҳимояи ҳуқуқҳои худ бедор бошанд.

Ном: Шамшер аз: Душанбе
13.06.2009 17:36
Салом... Ин ду нафар аз кадом табакаи мардуми точикистон хастанд ва максади ин тазохурот дар чи буд? Худнишондихи?Дарди имрузаи точикони мухочир?Ё огози инкилоби точикони бурунмарзи? Ё худ хамкории онхо бо точикони Руссия? Ва ё ин бемори дар (каллалучхо,наццизм)Бритониё авч гиифта?...Агар ночо сухане гуфта бошам узр.....
Дар посух

Ном: Зуҳуршоҳ Раҳматуллоев
13.06.2009 17:36
Ман як шаҳрванди оддии Тоҷикистон ҳастам ва ватану ҳамватанонамро дӯст медорам. Дар бораи инқилоб бояд бигӯям, ки ҳеҷ хел инқилоб нест, агар инқилоб аст, фақат бояд дар майна ва дили одамон шавад, ки мушкилоти муҳоҷиронро дарк кунанд, мақсад ягон хел хушунат, худнамоӣ ё қудратталабӣ набуд ва наздик ба ин ҳам нест. Тавре Саъдӣ гуфтааст, "Бани одам аъзои якдигаранд, ки дар офариниш зи як гавҳаранд. Чу узве ба дард оварад рӯзгор, дигар узвҳоро намонад қарор."
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 6

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил