Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро донишҷӯёни тоҷик эътироз карданд?


Онҳо изҳори ташвиш мекунанд, ки муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар Русия қурбонии хушунат мешаванд.

РӮЙДОДҲОИ ТАКОНДИҲАНДА

Хуршеда Султонова, Салоҳиддин Азизов аз Тоҷикистон, Тимур Качарава аз Гурҷистон, Майга Абӯбакар, Эпасак Роллан Франс аз Африқо, Артур Сардаряни арманитабори Русия ва боз даҳҳо нафар ба хотири дигар будани ранги мӯю пӯст, забон, фарҳанг ва шояд, танҳо ба хотири дигар буданашон кушта шуданд.

Ин нафарон қурбони ҳамлаҳои онҳое шуданд, ки дар забони фаъолони ҳуқуқи башар ҳамчун "гурӯҳҳои миллатгаро", "бегонаситез", "нажодпараст" ва дар забони аксар мақомоти ҳифзи қонуни Русия чун "авбош" ёд мешаванд.

Шумори ингуна ҳодисаҳои қатлу куштори муҳоҷирону коргарони кирояи хориҷӣ дар ин кишвар ҳар сол ба даҳҳо адад баробар мешавад.

Танҳо дар панҷ моли соли ҷорӣ аз рӯи арзёбиҳои маркази таҳлилии "Сова", як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон дар Русия, 30 нафар аз дасти гурӯҳҳои миллатгаро кушта шуда 117 нафар мавриди ҳамлаи ингуна гурӯҳҳо қарор гирифтанд.

Созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, домани фаъолияти созмонҳои нажодпараст дар Русия фарох мешавад ва баробар бо ин, рӯҳияи бегонаситезӣ дар зеҳни қишрҳои мухталифи ҷомеа ҳарчи бештар ҷо мешавад. Бо эътироз аз ин гурӯҳи хурди донишҷӯёни тоҷик дар Лондон рӯзи чоршанбе, 10 июн дар муқобили сафорати Федератсияи Русия раҳпаймоӣ карданд.

РАҲПАЙМОИИ "САФЕДҶОМАГОН"


Онҳо ба раҳгузарон ҳамчун рамзи "адолат ва озодӣ" куртаҳои сафед ва варақаҳои иттилоотӣ медоданд, ки роҷеъ ба мизони баланди бегонаситезӣ дар ҷомеаи Русия изҳори нигаронӣ мекунанд.

"Натсиҳои навбаромадро дар Русия боздоред! Фашизмро қатъ кунед!

Ин садои гурӯҳи беш аз 30-нафараи донишҷӯёни тоҷики муҳассили донишгоҳҳои Лондон аст, ки дар муқобиси сафорати Русия намоиши эътирозии худро доир мекунанд.

Дар муроҷиатномаи ин донишҷӯён таваҷҷӯҳ ба "вазъи ғайри қобили қабули" бархӯрд бо муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия даъват мешавад. Зуҳуршо Раҳматуллоев, яке аз фаъолони ин гурӯҳи ташаббускори намоиши эътирозӣ аз маҳалли ҳодиса бо мо сӯҳбат кард:


"Мо барои он ба майдон баромадем, ки ба андозаи нерӯи худ аз ҳуқуқ ва шаъни тоҷикон дар Русия дифоъ кунем. Ба мақомот ва мардуми Русия расонем, ки набояд дар муқобили инсонбадбинӣ ва нажодпарастӣ, ки дар ниҳояти амр зидди худи онҳост, хомӯш ва беамал биншинанд."

Дар муроҷиатномаи донишҷӯёни тоҷик ба сафири Русия дар Бритониё бо ишора ба густариши домани фаъолияти гурӯҳҳои неонатсистӣ дар ҷомеаи Русия гуфта мешавад, ки дарки зеҳнияти одамоне, ки ба хотири "ҳифзи вижагиҳои миллии худ" ба "идеологияи фашистӣ гузашт" мекунанд, ғайримумкин аст.

ТАЛАБҲОИ ТАЗОҲУРКУНАНДАГОН

Эраҷ Саодатсайров, як муҳассили 31-солаи донишгоҳи омӯзгории шаҳри Лондон ва аз ширкатдорони дигари намоиши эътирозии донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар сӯҳбат бо "Ояндасоз" гуфт, онҳо се талаб назди сафорати Русия дар Лондон ҷамъ омадаанд:

"Талабҳои мо се бахш аст. Якум, талаб мекунем, инсонҳое, ки вориди Русия мешаванд, бояд ҳуқуқи ворид шудани онҳоро таҳким диҳанд. Яъне вақте онҳо вориди Русия шуданд, бояд баробари ҳамаи инсонҳо ҳуқуқ дошта бошанд, бехатарии онҳо таъмин бошад. Дуюм, баланд бардоштани назорат аз тарафи ҳифзи ҳуқуқ ва савум, назорат бар он ки онҳо дар кадом шароит зиндагӣ мекунанд. Чӣ хеле ки дар кишварҳои дигар аст. Мо чизеро талаб намекунем, ки Русия тавони иҷрояшро надошта бошад, мо чизеро талаб мекунем, ки Русия худ хоҳони он аст."


Дар варақаҳои эътирозии донишҷӯён, ки дастраси радиои Озодӣ низ шуд, аз зуҳуроти бегонасистезӣ ҳамчун як "марази иҷтимоӣ" ёд мешавад, ки "бемонеа дар миёни сокинони қатории Русия" реша медавонад ва ин мардум бо сукут ва беамалии худ ҳодисаҳои ҳамлаву куштори муҳоҷирону коргарони хориҷиҳоро иҷоза медиҳанд.

Донишҷӯёни тоҷик аз он изҳори ташвиш мекунанд, ки дар Русия муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар баробари "беҳуқуқӣ, хушунат ва таъқиби гурӯҳҳои неонатсистҳо, кордиҳандаҳову милиса" шадидан заъфпазир шудаанд.

Донишҷӯёни тоҷикистонӣ мегӯянд, ки ҳадафи онҳо танқиди низоми давлатдории Русия нест. Тақозои онҳо ин аст, ки ҷиноятҳои марбут ба ихтилофҳои милливу нажодӣ мавриди тафтишу таҳқиқи мӯшикофона қарор дода шуда қонунҳои мавҷуда нисбати ин навъи ҷиноятҳо шадидтар шавад.

Ин нахустин намоиши эътирозии донишҷӯёни тоҷик дар як кишвари ғарбӣ дар солҳои баъди касби истиқлоли Тоҷикистон мебошад.

ВОКУНИШИ САФОРАТ

Бинои сафорати Русия дар Лондон
Дар соатҳои раҳпаймоиву шиорпартоии ҷавонони тоҷик дар баробари сафорати Русия нафаре аз ходимони он ба назди эътирозгарон берун наомад. Вале дар як сӯҳбати телефонии қабл аз баргузории эътирози донишҷӯёни тоҷик сухангӯи сафорати Русия дар Бритониё Олег Сепелев гуфт, ки мавқеи ҳукумати кишвараш ҳамеша рӯшан ва мушаххас будааст:

"Мавқеи мо ҳамеша мушаххас ва ягона будааст, ки Русия ба ҳеҷ гоҳ наметавонад тарафдори тарафдори адами таҳаммулпазирии нажодӣ бошад".

Олег Сепелев дар сӯҳбат бо Ояндасоз танҳо тааҷҷуб кард, ки чаро ҷавонҳои тоҷикистонӣ дар Лондон чунин як эътирозе ташкил мекунанд. Маълум нест, кадом эҳсосоти "ғайридипломатӣ" ба сафир даст дод, то бо тазоҳуркунандагон мулоқот накунад. Сафорати Русия ҳатто барои қабули номаи ҷавонони тоҷик дари худро боз накард.

ЧАШМПӮШИИ МАҚОМОТИ РУСИЯ

Дар айни замон, ба андешаи фаъолони ҳуқуқи башар дар Русия, чашмпӯшии мақомот, аз қазияҳои нажодпарастиву миллатгароӣ ба гурӯҳи қонуншиканиҳои маъмулии мисли авбошӣ сабт кардани ингуна ҷиноятҳо сабаби доманпаҳнкунии ингуна ҳодисаҳо мешавад.

Раиси дафтари созмони Дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch дар Маскав Эллисон Гилл гуфт, ки ҷиноятҳои марбут ба нафрати милливу нажодӣ назар ба ингуна парвандаҳо ба маротиб бештар аст. Ва сабаби ин аз сӯе дар танбалии мақомоти ҳифзи қонун аст, мегӯяд вай, ки намехоҳанд барои таҳқиқи ингуна мавридҳо зиёд ва хеле амиқ машғул шаванд.

Гилл мегӯяд: "Ҳукумат бояд рӯшод эътироф кунад, ки чунин масъала вуҷуд дорад ва хеле барҷаста бигӯяд, ки ингуна ҳодисаҳо набояд роҳ дода шаванд. Ва дар ин сурат ба ҳама мақомоти кишвар аломат мешавад, ки дигар набояд ин вазъ идома кунад".

Аз назари таҳлилгарони бетараф, дар даврони раҳбарии Владимир Путин дар ҷомеаи Русия рӯҳияи бегонаситезӣ бештар авҷ гирифта фаъолияти созмону гурӯҳҳои неонатсистиву миллатгаро нисбатан ошкоро ва бештар шуд.

Шумори ингуна созмонҳоро даҳҳо адад мегӯянд. Эллисон Гилл афзуд, ки ҳоло бо сахттар шудани шароити иқтисодӣ вазъ эҳтимолан боз ҳам бадтар хоҳад шуд:

"Дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ зарурат барои муқобила бо ин масъала боз ҳам бештар мешавад. Имрӯз ҳамингуна як тамоюл мушоҳида мешвад, ки вақте одамҳо ҷойи кори худро аз даст медиҳанд, фикр мекунанд, ки бояд муҳоҷирон гунаҳгор бошанд. Яъне ба маънои ин ки онҳо ҷои кори сокинони маҳаллиро мегиранд. Баъзе гурӯҳҳо хеле боз мегӯянд, ки барои муҳоҷирон дар Русия ҷо нест. Албатта ин чиз ғайри қобили қабул аст".

НАЗАРИ ТАРАФИ САВУМ

Раиси дафтари созмони Human Rights Watch дар Маскав Эллисон Гилл гуфт, ин хатар вуҷуд дорад, ки ақоиди бегонаситезӣ дар ҷомеаи Русия афзоиши бештар пайдо мекунад ва баъд вазъро назорат кардан душвор хоҳад шуд.

Эраҷ Саодатсайров, ҳамсӯҳбати мо дар ин замина гуфт, ки афзоиши рӯҳияи бегонасетезӣ ва ҳамламу куштори ғайрирусҳо дар Русия боиси аксуламали шадид аз ҷониби худи муҳоҷирон мешавад. Бо ишора ба як ҳодисаи қатли чанд сартарошида дар Русия аз ҷониби як шаҳрванди Тоҷикистон баҳори имсол вай гуфт, ки "онҳо барои шаҳрвандони худ душман месозанд". Вай афзуд: "Мо ба онҳо кӯмак карданӣ, ки Русия аз ин бохабар бошад".
----------------------------------

Лутфан, агар назаре доред, бо пахши ин линк ба "Майдони баҳс" равед ва дар табодули андешаҳо ширкат кунед.
XS
SM
MD
LG