Пахши зинда

Ҳоло дар амвоҷ

Як рӯз бо Шумо

Барномаи оянда

БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Баҳс

Мулоқоти "online" бо Садриддини Наҷмиддин

07.07.2009

Овозхони шинохташуда Садриддини Наҷмиддин дар гуфтугӯи мустақими интернетӣ бо пурсишҳои зиёде посух дод. Нахустин бор бахши аъзами саволҳ дар чунин мулоқот на пешопеш ҷамъ омад, балки дар худи рафти гуфтугӯ ба дасти сарояндаи тоҷик расид. Садриддин тамоми талошро кард, ки ба ҳамаи саволҳои бомаънӣ посух бидиҳад. Вай аз ҳамаи онҳое, ки дар ин сӯҳбат ширкат доштанд, сипосгузорӣ кард.

Ин баҳс баста шудааст.
Comment Sorting
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 5
Ном: TJK-in UKR
10.07.2009 13:01
salom barodari aziz va kormandoni radioi OZODI!4aro az kisvari UKRAIN yagon bor ham didan namekuned?muhlisonaton intizori SHUMO!!!
Дар посух

Ном: Садриддин
10.07.2009 13:01
Бешак, ин корро консертгузороо пеш мебаранд. Шояд консертгузорони украин зарур надонистаанд, ки Садриддини Начмииддин меҳмони онҳо бошад, ба ҳар ҳол орзу дорам, рӯзе меҳмони ин кишвар шавам ва аз ҳамдиёрони худ хабар бигирам.

Ном: Zarifbek аз: Faizabad-Afganistan
10.07.2009 13:37
Salom ovozxoni dustdoshtai man.
Chun dur az vatan astam dar vazifai khizmati dar davlati Islomii Afghoniston mytasifona dar suhbat bo shumo huzur doshta nametavonam va khelo ham afsus mekhuram.
Agarchi dar khorig az kishvar ham bosham doimo az sayti You tube interneti surudhoi Shumoro ki kliphoi kuna astand har shab gush mekunam.Man az shumo sirf yak suvol mekunam ki oyo Shumo kliphoi nave kijur karded honhoro dar enternet joy metien yo na?
Digar oyo Shumo khudaton soyti shaksi dar enternet doren yo na khayr?
Дар посух

Ном: Садриддин аз: Душанбе
10.07.2009 13:37
Ташаккур аз муҳаббататон, ки дар диёри ғурбат ба ёди мо ҳастед.
Ман то ҳол саҳифаи сурудҳои худро дар интернет надорам ва, иншооллоҳ, дар замони наздик чунин саҳфа бо сурудҳои тоза кушода хоҳад шуд. Аммо феълан Шумо метавонед аз сомонаи Youtube сурудҳои бандаро дарёфт кунед.

Ном: Manizha аз: Dushanbe
10.07.2009 13:51
Sadriddin mohi iyun soli 2001-ro ba hotir or, tu dar tui hohari rafiqat Akobir surud honda budi. Hangomi surud hodanat boroni saht borid. Hama dar har jo panoh shudand. Lekin tu hamaro ba raqs davat kardiyu zeri boron surud mehondi. Hama bargashtandu tuy obod shud.
Дар посух

Ном: Садриддин аз: Душанбе
10.07.2009 13:51
Ташаккур барои ба ёд овардани ин лаҳзаи ширин. Банда ҳамеша кӯшиш мекунам, ки ба ҳар маъракае, ки даъват шудаам, онро гарм нигоҳ дорам. Он лаҳза борони шадид баръакс суруди тозаёҷодкардаам бо номи "Садои борон"-ро ба ёдам овард, ки хонадани он дар ин лаҳза бисёр мувофиқ буд.

Ном: Манижа аз: Душанбе
10.07.2009 13:56
Shumo khudaton soyti shaksi dar enternet doren yo na khayr?
Дар посух

Ном: Садриддин аз: Душанбе
10.07.2009 13:56
Ба ин суол аллакай ҷавоб додам.

Ном: xurshed аз: dushanbe
10.07.2009 13:57
salom. akai sadriddin! hamzabononi mo -afgonho ahmad zohir dorand, eroniho - muin. mo tojikon ki dorem? ba andeshai shumo mo kase hamsangi ahmad zohiru muin dorem, yo kay sohibi chunin hunarmandon meshavem? tashakkur!!!
Дар посух

Ном: Садриддин аз: Душанбе
10.07.2009 13:57
Худоро шукр, мо дар бахши санъат устодони зиёди варзида дорем. Албатта, ҳар кас дар байни ин устодон нафареро бештар меписандад. Ман бошам, устоди марҳум Кароматулло Қурбонро беҳтарин ва писандидтарин сурудхони тоҷик меҳисобам.

Ном: Durandesh аз: Amrico
10.07.2009 14:00
Salom somonai Ozodi bisyor kori khair karded ki bo ba'ze shakhsone mekhostem hamsuhbat boshem dar tamos karded. Tashakur
Khohish az radioi Ozodi inast ki ba hammai savolho mufassal javob dihed.
Savolho ba bulbuli sahnai tojik Sadriddin.
1.Barodari aziz Sadriddin bigued ki fikri shumo oidi imruza tanzim nisbati tuiho va hofizon chi ast.
2.Oyo shumo patent dored baroi dar tuiho baromad kardan, va chand somoni mohona yo solona mesupored?
3.Hakki khizmati shumo dar tuiho chand somoni yo chand $ (USA) ast?
4.Az rui ma'lumoti somonai Ozodi shumo muddati 2 sol dar Amrico buded, bigued az kadom sol to kadom sol dar kujo va ba chi kor mashgul buded. Dar kadom iyolothoi Amrico buded, va lutfan bigued ki kharojoti 2 solai shumoro dar Amrico ki va yo kadom muassisa bar dush dosht?
5.Kamtar oidi vaz'i oilavii khud mekhostem ma'lumot medoded?
6.Man dar ba'ze savolhoi mukhlisoni shumo mebinam ki oidi navorbardori va korkardi cliphoi shumo savolho shudaast. Agar hamin tekhnologiyae ki imruz dar Amrico ast dar TJK boshad korgardonhoi mo imruz metavonand az Koji Zardori khushru navorbardori va korkard kunand. Fikri Shumo oidi in chi ast?
7.Fikri shumo oidi baromadi Shabnam va Jonibek dar San Jose (USA). Pas az khomush namudani kuvvai barq yakchand marotiba paiham... Jonibek guft:
... (A bacha) baroi mo qasdan kardestan?
Magar shart bud in sukhanon dar sahna?
8. Oyo yagon marotiba ba yagon kudakiston va yo yagon yatimkhonaho kumak karded? Agar imkon boshad bigued bo chi kadar mablag?
9.Oyo ba yagon zaboni (khoriji -na ba shevai ironi) digar surud khondani hasted?
10. Ovozi shumo dar saroidani Shahmakom bisyor khush ast baroi chi namesaroed? Bisyoriho in chizro purson meshavand.
11. Oyo boz niyati ba Amrico bargashtan dored? Baroi chi?
P.S. Somonai Ozodi mekhostam savolhoi man bejavob namonand (Iltimos). Ba monandi one ki bazeho ba svolhoi khud javob nayofatnd. Dar barnomaei ki tashkil shuda bud bo tashkilkunandagoni zuhurot dar London.
Peshaki siposguzorem.
Дар посух

Ном: Садриддин аз: Душанбе
10.07.2009 14:00
Ташаккур аз саволҳои бисёратон! Бо ин қадар суоли зиёд барои як нишасти ҷудогонаи матуботӣ кифо мекунад...
Ҷавоб ба суолҳо:
1. Мо ҳарчи, ки қонун талаб мекунад, ҷонибдор ва иҷрокунанда ҳастем.
2. Агар касе аз рӯи қонунро риоят накунад, албатта фаъолият фаъолият карда наметавонад, бахусус сарояндагони шинохта.
3. Ин суолро ба менеҷерҳо диҳед
4. Бале, ман дар иёлати Калифорнияи Амрико кору фаъолият кардам. Бо ширкати "Коҷӣ филм" ҳамкорӣ дорам. Дар ин муддат якчанд таронаҳои тозаи видеоӣ сабт кардем. Хароҷотҳо қисман аз тарафи худам ва қисман аз ҷониби ширкати "Коҷӣ филм" буданд.
5. Шукри Худо, оиладор ҳастем. Соҳиби се фарзанд ҳастам.
6. Албатта, агар таҷҳизоти фаннӣ бошад, ҳамааш мешавад.
7. Ман ростӣ дар бораи суханони Ҷонибек хабар надорам. Аммо фикрами нисбати сафари онҳо мусбат аст. Аз наворҳое, ки ман дидам, консертҳои онҳо хеле хуб баргузор шудааст.
8. Ман кори хайри кардаамро зикр намекунам.
9. Бале, ният дорам, ки бо забонҳои ҳиндӣ, русӣ ва англисӣ суруд хонам.
10. Дар баъзе маҳфилҳо ман шашмақомхонӣ мекунам ва шашмақомро хеле меписандам.
11. Ман ният дорам, ки на ба Амрико, балки ба дигар гӯшаҳои ҷаҳон сафар кунам. Албатта, чун ба ҷои дигаре, ки сафар кардам, ба шумо хабар хоҳам дод.

Ном: БУРХОН аз: ДУШАНБЕ
10.07.2009 14:04
Салом акаи Садриддин. Саволи ман хамин аст, ки оё гуфтан чоиз аст, ки хамаи ситорахои навбаромаду тездаромад, сабаби шикаст хурданашон ва дар як муддати кутох аз сахна берун шуданашонро шумо дар чи мебинед?
Дар посух

Ном: Садриддин
10.07.2009 14:04
Пеш аз ҳам як зарбулмасал ҳаст, ки ин чизро ман дар Амрико шундиам. Агар одамро мехоҳӣ дуо кунй барояш орзу мекунй ки хонанда шавӣ ва агар дуои бадтар карданӣ бошӣ. мегуи ки хонандаи муваффақ шавӣ. Фикр мекунам ин чо хеле маъниҳо ҳаст, зеро ҳунармандро дар кору ҳаёт пастию баландии ззиёде пеш меояд ва ҳар кас инро ба таври худаш мефаҳмад. Он ки ҳунармандон як боло мешаванду сипас аз саҳна мераванд, тақсири худашон аст, ки шоялд корҳои хубе барои мардум пешкаш накардаанд. Ба ҳар ҳол ин мардуми азиз аст, ки ба кори ҳунармандон баҳо медиҳад.

Ном: Чахонгир аз: САХОВАТ
10.07.2009 14:11
Дуруди бепоён ба ситораи санъати точик Садриддини Начмиддин! Мехостам дар бораи таърихтаи суруди "Бибусамат" маълумот медодед. Ва мегуфт, ки оё баъд аз ин таронаро сароиданатон, ягон бусае ба даст овардед???
Дар посух

Ном: Садриддин
10.07.2009 14:11
Дар бораи таърихи ин суруд гуфтаниям, ки оҳанги онро Диловари Зуҳуриён эҷод карда, онро коргардони маҳшури эронӣ Коҷи Задорӣ таҳия кардааст. Дар бораи бӯса инро гуфтаниям, ки ба даст овардаам ва хушбахтам, ки он ҳамеша бо ман аст, дар паҳлуи ман аст ва ҳамсафари зиндагии ман аст.

Ном: Manizha аз: Dushanbe
10.07.2009 14:14
Sadriddin, mohi iyuni 2001 ba hotir dori? Dar tuyi hohari rafiqat Akobir, mahallai 102mkr. surud mehondi, ki boroni saht borid. Hama ba har jo pinhon shudand, lekin tu az boron natarsidiyu, gashta surudhoniatro sar kardi. Hama bargashtandu dar zeri boron ba raqs daromadand.
Дар посух

Ном: Садриддин
10.07.2009 14:14
Ба ин савол аллакай ҷавоб додам.

Ном: Firdavs аз: London
10.07.2009 14:20
Ном: Firdavs аз: London
09.07.2009 19:16
Salom muhtarm Sadriddin Najmidin. shumo artisi zuri Tojikiston meboshed man har zamon sheri shumoro gush mekunam va mehohamki navashro gush kunam az kujoi evtan munkin?
Дар посух

Ном: Садриддин аз: Душанбе
10.07.2009 14:20
Ба наздикӣ сурудҳои нави ман дар фурӯшгоҳҳои кишвар паҳн хоҳад шуд ва Шумо метавонед онҳоро дастрас кунед.
    Баъдӣ 
Назарҳо. Сафҳаи аз 5

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил