Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гаравгонҳо аз банд раҳо шуданд


Шонздаҳ корманди афғони як оҷонси покккорӣ аз майни Созмони Милал, ки онҳоро рӯзи шанбе афроди ношинос рабуда буданд, ахиран бидуни осеб аз банд раҳо шуданд. Шириноғо Аҳмадшоҳ, раиси маркази майнрӯбӣ дар вилояти Пактиёи Афғонистон гуфт, ки сарони қабилаҳои минтақа бо одамрабоён дар тамос шуданд ва баъди ин шоми якшанбе гаравгонҳо озод карда шуданд. Ӯ афзуд, ки барои раҳоии кормандони оҷонс поккорӣ аз майн гаравпулӣ пардохта нашудааст.
XS
SM
MD
LG