Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико: "Баҳс бо Русия ҳалшуданист"


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, мутмаин аст, ки ихтилофоти назари ин кишвар бо Русия дар мавриди барномаи истиқрори сипари дифоъи мушакиаш дар Аврупо монеъае дар роҳи музокирот доир ба коҳиши силоҳҳои ҳастаӣ нахоҳад шуд. Русия мегӯяд, агар Амрико нигарониҳои Маскав доир ба истиқрори ин сипар дар наздикиҳои марзашро рафъ кунад, Русия омода аст, теъдоди мушакҳои атомиашро ниҳоят коҳиш диҳад. Амрико мегӯяд, ин ду масъалаи алоҳида аст. Ян Келлӣ - сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико рӯзи сешанбе гуфт, бовар дорад, ки Амрико ва Русия қодир ба рафъи ихтилофи назарҳояшон мебошанд. Сергей Лавров - вазири умури хориҷаи Русия, дар як нишасти амниятие дар шаҳри Вена гуфт, коҳиши силоҳҳои атомӣ ва бо масъалаи сипари дифоъии Амрико вобаста ҳастанд ва ҳар ду тараф инро медонанд. Русия ва Амрико дар мавриди аҳдномаи наве музокира доранд, ки дар сурати имзо теъдоди мушакҳои атомии ҳарду кишварро башиддат камтар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG