Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Португалия барои қабули бандиён


Португалия гуфтааст, ки ду ва ё се бандии Гуантанаморо пас аз раҳо шуданашон хоҳад пазируфт. Луиш Амадо – вазири умури хориҷаи Португалия гуфт, кишвараш барои пазируфтани он бандиён бояд "иҷрои муқаррароти дохилии марбутро шурӯъ кунад". Пештар аз ин баёния, Луиш Амадо бо фиристодаи хоси ҳукумати Амрико Даниел Фред мулоқот дошт, ки ӯ масъули бастани боздоштгоҳи бадномшудаи Гуантанамо аст. Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, ки мехоҳад, то охири ҳамин сол Гуантанаморо бубандад, аз кишварҳои аврупоӣ тақозо кардааст, баъзе аз 229 маҳбусони Гуантанаморо бипазиранд.
XS
SM
MD
LG